Нигаронии президент аз кишти ками пиёзу картошка дар Хатлон

Картофель, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2022
Обуна шудан
Президенти Тоҷикистон бо ишора ба вазъи муташанниҷи ҷаҳон ва пешгӯии буҳрони ғизоӣ аз сокинони кишвар хост, аз ҳоло барои зимистон омодагӣ гиранд
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Эмомали Раҳмон, аз иҷро нагаштани кишти картошкаву пиёзу пахтаро дар вилояти Хатлон боиси нигаронӣ хонд.
Ӯ зимни мулоқот бо фаъолони вилоят бо нигаронӣ аз вазъи ҷаҳонӣ ва пешгӯиҳо дар бораи камбуди ғизо гуфт, тибқи ченаки назоратӣ иҷрои дурнамои кишти картошкаи барвақтӣ дар майдони қариб 2,4 ҳазор гектар, пахта зиёда аз 3 ҳазор гектар ва пиёзи барвақтӣ зиёда аз 1,5 ҳазор гектар таъмин нагардидааст.
Тибқи таҳлили мутахассисони соҳа ба гуфтаи президент гирифтани ҳосили интизории 37 ҳазор тонна картошкаи барвақтӣ ва 61 ҳазор тонна пиёзи барвақтӣ ғайримкон гардидааст, ки бо дарназардошти вазъи имрӯзаи озуқаворӣ дар ҷаҳон хеле ташвишовар ва нигаронкунанда мебошад.
Ӯ гуфт, масъалаи дигаре, ки мо бояд дар шароити имрӯза ба он диққати аввалиндараҷа диҳем, дар заминҳои обӣ ба таври ҳатмӣ ба роҳ мондани кишти такрорӣ мебошад.
"Мувофиқи маълумоти оморӣ ба ҳолати 1-уми июн дар вилоят дурнамои кишти такрорӣ ҳамагӣ 14 фоиз иҷро шуда, дар баъзе шаҳру ноҳияҳо кишти такрорӣ умуман ба роҳ монда нашудааст, ки аз бемасъулиятии роҳбарияти соҳа дарак медиҳад", - таъкид кард Раҳмон.
Раисҷумҳур гуфт, дар шароити кунунӣ роҳбарони вилоят ва шаҳру ноҳияҳо вазифадоранд, ки бо истифода аз ҳамаи имкониятҳои мавҷуда, аз ҷумла аз ҷониби аҳолӣ дар заминҳои президентиву наздиҳавлигӣ зиёд намудани кишти такрориро аз ҳисоби картошка, шолӣ, маккадон ва лӯбиёгиҳо таъмин намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2022
Раҳмон аз буҳронҳо гуфту аз тоҷикистониён хост, омода бошанд
Маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон 58 фоизи ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии кишварро ташкил медиҳад, вале ба таъкиди президент бо имконоти вилоят мешуд аз ин ҳам зиёд гардад.
Гуфта мешавад, ки дар панҷ моҳи аввали соли ҷорӣ аз кишвар 83 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба маблағи 21 миллион доллар содирот шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта мутаносибан 43 фоиз аз рӯи вазн ва 2,6 баробар аз рӯи арзиш зиёд мебошад.
Ин нишондиҳанда ба вилояти Хатлон 10,3 ҳазор тонна меваю сабзавот ба маблағи 1,7 миллион доллар рост меояд.
Эмомалӣ Раҳмон дар ин мулоқот аз руасои шаҳру вилоят хост тамоми имкониятро барои истифодаи заминҳои бекорхобида, ба кор даровардани корхонаҳои ғайрифаъол равона созанд.
Лентаи хабарҳо
0