Раҳмон аз буҳронҳо гуфту аз тоҷикистониён хост, омода бошанд

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонЭмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти Тоҷикистон бо ишора ба буҳрони ғизоӣ дар ҷаҳон аз шаҳрвандон даъват кард, аз ҳоло ба зимистон омода шаванд ва дар андешаи захираи кофӣ бошанд
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, буҳронҳои сиёсӣ, низоъҳои минтақавӣ, таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, болоравии бесобиқаи нархи маҳсулоти ғизоӣ ва кам гардидани истеҳсоли онҳо дар баъзе минтақаҳои ҷаҳон, инчунин, паҳншавии бемориҳои сироятӣ ҷомеаи башариро ба таври ҷиддӣ нигарон кардаанд.
Ӯ зимни мулоқот бо фаъолони вилояти Хатлон дар такя ба оморҳои созмонҳои ҷаҳонӣ аз зиёдшавии фақру коҳиши истеҳсоли ғалла ва болоравии қимати маводи сӯхт гуфт.
Кишвардори Тоҷикистон зикри арзёбии Ташкилоти озуқаворӣ, ки соли ҷорӣ истеҳсоли ғалладона дар ҷаҳон нисбат ба соли қабл 16 миллион тонна, коҳиш меёбад, аз кишварзони тоҷик хост кишти такрориро пурра роҳандозӣ кунанд.
Ба таъкиди президент, чунин ҳолат метавонад ба вазъи иқтисодиву иҷтимоии ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба Тоҷикистон таъсир расонад ва мувофиқи хулосаи коршиносон оқибатҳои ин давраи ниҳоят ҳассос пешгӯинашаванда ва дарозмуҳлат мебошанд.
"Дар робита ба ин, такроран таъкид менамоям, ки соли ҷорӣ ва соли оянда барои аҳли башар аз ҳар ҷиҳат ва пеш аз ҳама, аз лиҳози таъминот бо озуқаворӣ солҳои бисёр вазнин ва душвортарин дар таърихи инсоният мегарданд", - гуфт президент.
Дар робита ба ин мушкилот президент ба роҳбарони вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дастур дод, ки барои иҷрои нақшаи чорабиниҳои қабулкардаи ҳукумати оид ба пешгирӣ кардани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба иқтисоди миллӣ тадбирҳои таъхирнопазир андешанд.
Производство тканей  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2022
Миллиардҳо: маълум шуд, ки дар Хатлон аз соҳаи саноат чӣ миқдор маблағ ба даст омад
Махсусан ба таъкиди раисҷумҳур дар самти фаровонии бозори истеъмолии дохилӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия, захираи кофии онҳо, пешгирӣ кардани болоравии беасоси нархҳо, ба роҳ мондани фаъолияти муназзаму устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ корҳои ҷиддӣ сурат гирад.
Раҳмон гуфт, ҳоло, ки фурсат ҳаст, яъне мавсими фаровонист, тамоми мардуми кишвар, ҳамаи ташкилоту муассисаҳо ва ҳар як оила бояд дар фикри таъминоти худ бошанд, то ки дар фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода танқисиву муҳтоҷӣ накашанд.
Лентаи хабарҳо
0