Садамаи маргбор дар пайи бархӯрди "Opel" бо "Shacman" дар Хатлон

© PixabayДТП, архивное фото
ДТП, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2022
Обуна шудан
Садамаи мудҳиш дар пайи ноуҳдабароии ронанда сар зад, ки дар натиҷаи он як тан ҳалок ва ду нафари дигар дар беморхона бистарӣ гардиданд
ДУШАНБЕ, 18 июн — Sputnik. Дар роҳи мошингарди Ховалинг - Балҷувон - Данғара садамаи мудҳиши нақлиётӣ рух дод, ки дар пай қурбонӣ дошт, хабар медиҳад дафтари матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон.
Ба иттилои манбаъ, садама зуҳри 17 апрел ба далели таъмин накардани бехатарии ҳаракати роҳ аз сӯи ронанда сар задааст.
Гуфта мешавад, ронандаи 27-солаи автомашинаи "Opel", Қосимов Сайдмуртазо Сангаҳмадович, сокини шаҳри Кӯлоб, ҳангоми ҳаракат дар деҳаи Шағмон ба автомашинаи боркашони тамғаи "Shacman", Астанов Сайдали, соли таваллудаш 1973, сокини ноҳияи Ёвон, бархӯрдааст.
Общественный транспорт в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
ВКД сабаби садамаи автобус ва се мошини сабукрав дар назди "Садбарг"-ро шарҳ дод
Ба иттилои манбаъ, дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур Шаҳнозаи Шарифи 26-сола дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Мусофирони дигари автомашинаи мазкур, Табарова Мунираи 27 - сола, Азизмои Маҳмадисои 19 - сола, сокинони шаҳри Кулоб ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.
ВУД мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса таҳқиқот идома дорад.
Маврид ба зикр аст, ки ахиран дар роҳи Кӯлоб - Душанбе ВКД аз бархӯрди ду "Opel" хабар дода буд, ки дар пайи он ду тан ҳалок шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0