Аз гелос то зардолую пиёз: содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Суғд ба Русия 50% афзуд

Сухофрукты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Масъулони идораи савдо ва тиҷорат дар вилояти Суғд дар бораи афзоиши содироти молу маҳсулоти кишоварзӣ ба Федератсияи Русия хабар медиҳанд
ДУШАНБЕ, 18 июн – Sputnik. Ҳаҷми содироти маҳсулоти кишоварзӣ ба Федератсияи Русия беш аз 50% афзудааст.
Дар ин бора Ғайрат Қобилзода, муовини сардори идораи савдо ва саноат дар вилояти Суғд гуфт.
Ӯ, ин нуктаро зимни баргузории Форуми байналмилалии тиҷоратии “Суғд -2022” дар шаҳри Хуҷанд баён намуд.
“То имрӯз аз вилояти Суғд қариб 30 ҳазор тонна пиёз, 25 ҳазор тонна зардолу, инчунин гелос ва дигар намуд маҳсулоти соҳаи кишоварзӣ ба Русия содирот шудааст, ки ин рақам дар муқоиса ба ин давраи як соли пеш 50% зиёд аст” – гуфт, масъули Идораи савдо ва саноати Суғд.
Қобилзода таъкид кард, ки ҳоло таваҷҷуҳи соҳибкорони Русия ба хариддори молу маҳсулоти кишоварзони суғдӣ бештар шудааст.
Монеты, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2022
Умеди Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳои иқтисодӣ бо Русия: видео
Ӯ ин равандро падидаи хуб барои рушди иқтисодии деҳқонону кишоварзон маънидод кард.
“Имрӯз худи соҳибкорони Русия омада аз навоҳии Суғд аз ҷумла аз Ашт, Исфара, Конибодом ва Истаравшан маҳсулотро аз сари замин аз деҳқон хариддорӣ карда истодаанд” – афзуд, Қобилзода.
Бино ба гуфти муовини сардори Идораи савдо ҳоло ҷиҳати содироти меваи хушк бастани шартномаҳои ҳамкорӣ миёни соҳибкорони ду кишвар ҷараён дорад.
Ин дар ҳолест, ки бино ба гуфти Евгений Коренков, намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон, наздики 70 субъекти Русия бо шарикон аз Тоҷикистон додугирифт роҳандозӣ кардаанд.
Ӯ изҳор дошт, ки Русия ҳамоно калонтарин шарики тиҷории Тоҷикистон боқӣ монда, гардиши мол бахшҳои гуногунро фаро мегирад.
Коренков: Русия ҳавасманди ҳамкориҳои бештар бо Тоҷикистон аст
Дар зимн иттилоъ дод, ки вилояти Суғд бо минтақаҳои Русия дар ҳаҷми 260 млн доллар додугирифт дошт, ки нисбати нишондоди соли пешин 100 млн бештар аст.
Намояндаи тиҷоратии Русия дар Тоҷикистон таъкид кард, ки тамоми талошашро анҷом хоҳад дод, то додугирифти мол миёни кишварҳо афзоиш ёбад, чун ин рисолаташ мебошад.
Лентаи хабарҳо
0