Яке шуд! Домод гуфт, чаро арӯсро рӯзи тӯй зад

© Sputnik / Табылды КадырбековНасилие в семье, архивное фото
Насилие в семье, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2022
Обуна шудан
Домод аз Ӯзбекистон, ки дар рӯзи тӯй ба сари наварӯс шаппотӣ заду "қаҳрамон"-и шабакаҳои иҷтимоӣ гардид, ин амали худро шарҳ додааст
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Ҷавони задани наварӯсро дар рӯзи тӯй тасодуф хонду аллакай барои ин кораш аз ҳамсар узр хостааст, хабар доданд расонаҳои Ӯзбекистон.
"Худамро дошта натавонистаму яке даст бардоштам. Ман барои ин кор аз ҳамсар бахшиш пурсидам. Дигар чунин кор такрор намешавад", - изҳор дошт ӯ.
Модари арӯс ҳам таъйид кардаст, ки домод узр хосту феълан ҷуфти ҷавон ҳаёти осоишта доранд.
Қаблан хабар дода шуд, ки додситонии Ӯзбекистон маълум кард, ки ин навор дар як тӯй, 6 июни соли ҷорӣ дар ноҳияи Узуни вилояти Сурхондарё сабт шудааст.
Пас аз он ки видеои шаппотизании домод дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуд, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Ӯзбекистон ба ин ҳодиса таваҷҷуҳ карда, барои майдаавбошӣ нисбати домод парванда кардаанд.
Аммо расонаҳои Ӯзбекистон мегӯянд, ҷазо нисбати домод татбиқ нахоҳад шуд, чун шикояте аз ҷониби ҷабрдида нест.
Ба ин ҳодиса, афроди зиёде аз дохил ва хориҷи Ӯзбекистон вокуниш нишон доданд. Аз ҷумла духтари раисҷумҳури Ӯзбекистон, муовини раиси раёсати Бунёди рушди фарҳанг ва санъат Саида Мирзиёева ин амали домодро маҳкум карда, аз ҳамватанонаш хост, дар монеи таҳсили духтарон нашаванду онҳоро зуд ба шавҳар надиҳанд.
"дар тарбияи фарзандонатон хато накунед: хонданро манъ накунед, кӯшиш накунед, ки ҳарчи зудтар оиладор шаванд, бигзоред, то бо ақли худ зиндагӣ кунанд. Барои ҳамин таҳсил лозим аст, ки занонро мустақил ва қавӣ мегардонад", - гуфт Мирзиёева.
Ин дар ҳолест, ки хушунати хонаводагӣ нисбати зан дар кишварҳои Осиёи Марказӣ мушкили бузург арзёбӣ мешавад, ки аксаран оммавӣ намешаваду ҷабрдидаҳо низ шикоят намекунанд.
Лентаи хабарҳо
0