Дар ИМА гуфтанд, ки Байденро то моҳи ноябр чӣ "мекушад"

© Sputnik / Стрингер / Гузариш ба медиабонкПресс-конференция президента США Дж. Байдена
Пресс-конференция президента США Дж. Байдена - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2022
Обуна шудан
Дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико бар ин назаранд, ки ҷаҳиши рекордии нархи газ дар ин кишвар ҳамчун "қотил" барои раисҷумҳур хоҳад шуд
ДУШАНБЕ, 19 июн – Sputnik. Нархи рекордии газ дар баробари таваррум баланд дар Амрико барои президент Ҷо Байден дар остонаи интихоботи миёндавраи Конгресс "қотил" хоҳад буд, изҳор дошт вакили конгресс аз иёлати Техас Лэнс Гуден.
Ба гуфтаи вай, вазъи гаронии таваррум ва қимати рекордии сӯзишворӣ дар Амрико дар ояндаи наздик тағйир нахоҳанд дошт, зеро маъмурияти Байден "ба оташ рехтани бензини гаронарзиш" -ро идома дорад.
"Онҳо эътироф намекунанд, ки ин айби худи онҳост, балки баръакс ҳама гуноҳро ба сари Русия ва ширкатҳои нафту газ бор мекунанд", - таъкид дошт ӯ.
Ӯ гуфт, мардуми амрико аллакай аз вазъи мавҷуда хаста шудаанд, вале роҳбари ин кишвар ангуштро танҳо ба сӯи дигарон нишон медиҳаду камбудии худро нодида мегирад.
Гуден илова кард, ки бӯҳрони ҳозираи таваррус дар ШМА натиҷаи хароҷоти зиёдатии давлат ва ба иқтисодиёт ворид кардани пул буд, ки боиси "фалокат" гардид.
"Ман боварӣ дорам, ки дар давраи пеш аз интихоботи миёндаврӣ, ки пас аз чанд моҳ баргузор мешавад, нархи бензин барои ӯ президент "марговар" хоҳад буд. Хеле кам чизҳое ҳастанд, ки ба ӯ ва демократҳо дар наҷот додани конгресс кӯмак мекунанд", - гуфт дар хотима вакили конгресс.
Заместитель председателя Совета безопасности РФ Дмитрий Медведев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Медведев дар бораи бемории даҳшатбори Байден гуфт
Пас аз оғози амалиёти вижаи низомии Русия дар Украина, Ғарб фишори таҳримот алайҳи Маскавро афзоиш дод.
Бо вуҷуди ин, худи Иёлоти Муттаҳида аз маҳдудиятҳо сахт осеб дидааст. Аз ҷумла эътимоди мардуми Амрико ба роҳбари давлаташон моҳҳои ахир рӯ ба коҳишёбӣ ниҳодааст.
Интихоботи миёнамӯҳлати ИМА моҳи ноябри соли 2022 таъин шудааст. Онҳо тамоми аъзои палатаи намояндагон ва як қисми сенаторҳоро интихоб хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0