Қабули тағйирот ба Қонуни афви дороиҳо дар Тоҷикистон: шарҳи раиси Бонки миллӣ

© Пресс-служба национального банка ТаджикистанаПстреча Председателя Национального банка Таджикистана Хокима Холикзода с новой Делегацией МВФ. в Таджикистан Селима Элекдага
Пстреча Председателя Национального банка Таджикистана Хокима Холикзода с новой Делегацией МВФ. в Таджикистан Селима Элекдага - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Муқаррароти афв барои қонунигардонии дороиҳою маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон, ки моҳи июли соли гузашта қабул шуданд, барои як соли дигар тамдид гардиданд
ДУШАНБЕ, 19 июн – Sputnik. Ҳоким Холиқзода, раиси Бонки миллии Тоҷикистон тағйирот ба қонуни афв барои қонунигардонии дороиҳо ва маблағҳои шаҳрвандони ҷумҳуриро тавзеҳ дод.
Тибқи тағйирот, ки Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи ахир қабул кард, муҳлати амали қонун як соли дигар тамдид гардида, бархе аз монеаҳо бардошта шуданд, овардааст нашрияи парлумонии "Садои мардум" аз қавли Холиқзода.
Раиси БМТ мегӯяд, бар асоси тағйирот тайи як соли оянда барои бо қонунигардонӣ фаро гирифта шудани амволи ғайриманқул дар қитъаҳои замини солҳои қаблӣ ба шаҳрвандон вобаста ё додашуда заминаим мусоид фароҳам оварда шудааст.
Бардоштани монеаҳои иловагӣ ҳангоми қонунигардонии метал ва сангҳои қиматбаҳои харидоришуда, бештар намудани дастрасии шаҳрвандон ба қонунигардонии маблағҳо тавассути ташкилотҳои маблағгузории хурд аз бандҳои дигари тағйирот арзёбӣ шуданд.
Таъкид гардид, ки имкониятҳои шаҳрвандон барои қонунигардонии маблағҳо тавассути самтҳои маблағгузорӣ ва сармоягузорӣ васеъ гардида, кафолатҳои давлатии иловагӣ таъмин карда мешавад.
Производство тканей  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.06.2022
Миллиардҳо: маълум шуд, ки дар Хатлон аз соҳаи саноат чӣ миқдор маблағ ба даст омад
"Лоиҳаи қонун бо гурӯҳи Авру­Осиё оид ба муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм пешакӣ мувофиқа шуд", - изҳор дошт Холиқзода.
Қонуни авф барои қонунигардонии дороию маблағҳои шаҳрвандони Тоҷикистон моҳи июли соли гузашта қабул гардида буд.
Раиси БМТ мегӯяд, интизориҳо аз қонун барои ҷалби сармояи иловагӣ ба низоми молиявӣ, таъсиси ширкатҳои нав, беҳбуди сармояи ширкатҳои амалкунанда ва таъсиси ҷойҳои кори нав, ба иқтисодиёти расмӣ баргардондани маблағҳо аз иқтисодиёти пинҳонӣ то дараҷае амалӣ гардиданд.
Ба гуфтаи ӯ, ҳамчунин пешрафтҳо дар рушди маблағгузории сохтмони молу мулки ғайриманқул, маблағгузории хоҷагиҳои деҳқонӣ, корхонаҳои истеҳсолӣ, саноатӣ, инфрасохтори сайёҳӣ ва минтақаҳои озоди иқтисодӣ ҷой доранд.
Лентаи хабарҳо
0