Қазоқистон давлатҳоро ба даст кашидан аз силоҳи ҳастаӣ даъват кард

CC BY 2.0 / Alex J. Butler / SAM_1099Флаг Казахстана, архивное фото
Флаг Казахстана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вазири умури хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон хостори таҳияи тарҳи комилан аз байн бурдани силоҳи ҳастаӣ то соли 2045 шудааст
ДУШАНБЕ, 19 июн — Sputnik. Мухтор Тлеубердӣ, вазири умури хориҷии Қазоқистон дар матлаби худ аз давлатҳо талаб намудаст, ки то соли 2045 аз силоҳи ҳастаӣ даст кашанд.
Дар матлаб гуфта мешавад, ки тибқи маълумотҳои Дабири кулли СММ, дар ҷаҳон ҳоло, ки 13 400 кулоҳаки ҳастаӣ мавҷуд аст, истифода аз силоҳи ҳастаӣ воқеътар шудааст.
"Даргириҳои кунунии низомӣ дар қаламрави Украина, сӯҳбат дар бораи баргардонидани силоҳи ҳастаӣ ва таҳдидҳои мутақобилан барои истифодаи силоҳи ҳастаӣ моро водор мекунад, ки беш аз пеш дар бораи осебпазирии дастаҷамъии башарият ва зарурати таъҷилии манъ ва аз байн бурдани ин силоҳи марговар фикр кунем", - афзудаст Тлеубердӣ.
Қазоқистон номзадии худро ба мақоми муовини раиси Ҷаласаи аввали кишварҳои узви Паймони манъи силоҳи ҳастаӣ дар соли 2022 ва раиси ҷаласаи сеюми солҳои 2024-2026 пешбарӣ кардааст.
Министр обороны РФ Сергей Шойгу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.05.2022
Шойгу Украинаро ба эҷоди силоҳи ҳастаӣ муттаҳам кард
"Мо аз ҳама давлатҳо, аз ҷумла давлатҳое, ки ин силоҳро доранд даъват мекунем, ки нақшаи марҳилавии нест кардани силоҳи ҳастаиро то соли 2045, яъне садсолагии таъсисёбии Созмони Милали Муттаҳид таҳия кунанд. Пешниҳодҳо ва созишномаҳо барои ноил шудан ба ин ҳадаф метавонанд дар ҳуҷҷатҳои ниҳоии ҳарду ҷониб инъикос ёбанд", - таъкид намуд дипломати қазоқ.
Вазир зарур мешуморад, ки дар ин самт ба кори амалй шуруъ карда шавад.
Қаблан Мария Захарова сухангӯи ВУХ русия, эълон кард, ки ин кишвар ҳеҷ гоҳ бо истифодаи силоҳи ҳастаӣ касеро таҳдид накардааст.
Ӯ гуфт, Амрико ба хотири тарсондани аҳолии худ Русияро ба эҳтимоли истифодаи силоҳи ҳастаӣ муттаҳам мекунад.
Лентаи хабарҳо
0