Аз боронҳои шадид то раъду барқу жола: ҳушдор ба Тоҷикистониён аз ҳавои номусоид

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузариш ба медиабонкДождь
Дождь  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Обуна шудан
Бинобар номусоидии обуҳаво Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи кишвар аз шаҳрвандон хостааст, ки дар гаштугузор дар манотиқи кӯҳӣ аз эҳтиёт кор бигиранд
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Агентии ҳавосанҷии Тоҷикистон аз номусоидии боду ҳаво дар тамоми манотиқи кишвар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, дар кишвар ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат, аммо дар баъзе ноҳияҳо борони бошиддат, жола ва ҳамзамон раъду барқ пешгӯӣ мешавад.
Ҳарорати миёнаи ҳаво бошад, наздик ба 8-10 дараҷа поин меравад.
Ҳамзамон шамол аз самти ғарб бо суръати 4-9, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 13-18 метр дар як сония мевазад.
Объявление купаться запрещено, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Халосӣ аз гирдоб: тавсияҳои КҲФ барои ғарқ нашудан зимни оббозӣ
Ҳамин тариқ ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9+14, рӯзона 20+25 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 1 дараҷа хунук то 4 дараҷа гарм ва рӯзона 9+14 дараҷа гарм мешавад.
Дар водиҳои вилояти Суғд бошад, ҳавои шабона 19+24, рӯзона 31+36 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6+11 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Хатлониёнро гармои 21+26 дараҷа дар шаб ва 32+37 дараҷа дар рӯз интизор аст. Дар доманакӯҳҳои минтақа шабона 14+19 дараҷа ва рӯзона 25+30 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ шабона 16+21 дараҷа ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9+14 дараҷа ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Гармо дар пойтахти кишвар шаҳри Душанбе шабона 16+18 дараҷа ва рӯзона 31+33 мешавад.
Лентаи хабарҳо
0