Ҷанг дар Балхоб – “Панҷшери дуюм”: даргирӣ миёни толибон ва Маҳдӣ Муҷоҳид

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксБоевики движения "Талибан" (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле
Боевики движения Талибан (террористическая организация, запрещена в России) в Кабуле - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ааввалин даргирӣ миёни нерӯҳои Мавлавӣ Маҳдӣ Муҷоҳид, фармондеҳи ҳазора ва толибон бо кушта шудани ду тан ба анҷом расид
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Бино ба гузоришҳо, миёни Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ва Мавлавӣ Маҳдӣ ин тавофуқ ҳосил шудааст, ки алайҳи толибон муштарак бинҷанганд.
Сайидолим Козимӣ, яке аз афроди наздики Мавлавӣ Маҳдӣ ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, шаби қаблӣ дар рустои Балхави вулусволии Балхоби вилояти Сарипул, ки бо вулусволии Дараи Суфи Болои вилояти Самангон ҳаммарз аст, миёни нерӯҳои Маҳдӣ ва толибон даргирии шадид ба вуқуъ пайваст.

“Ин даргирӣ шабона иттифоқ афтод ва толибон ақибнишинӣ карданд. Маълум нест, ки талафот доштанд ё хайр, аммо нерӯҳои мо ҳеҷ осебе надиданд. Ҳоло иттилоъ гирифтем, ки Толибон дар вилояти Ҳирот низ нерӯ ҷамъ мекунанд, то тариқи Бодғис ва Балх ҳамла оваранд”, - гуфт ӯ.

Дар ҳамин ҳол, як манбаъ аз Форёб ба Sputnik Тоҷикистон иттилоъ дод, ки шаби гузашта ду толиби паштунтабор аз Сарипул ба вулусволии Қайсори вилояти Форёб оварда ва имрӯз ба хок супурда шудаанд.
Мавлавӣ Маҳдӣ танҳо толиби соҳибмақоми ҳазора буд, ки пас аз суқути ҷумҳурият дар моҳи августи соли 2021 ба дасти толибон аз сӯи ин гуруҳ вулусволи Балхоб таъйин шуда буд. Як моҳи қабл Толибон ӯро бо ин баҳона, ки вазифаи нав хоҳанд дод, аз ин мақом барканор ва ба ваъдаи худ вафо накард. Гузашта аз ин, аз ӯ тақозо шуд, ки таслим шавад ва силоҳу муҳимоти худро биспорад.
Устод Ато Муҳаммади Нур, Маршал Дӯстум ва Муҳаммад Муҳаққиқ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Омодагии Шӯрои олии муқовимати Афғонистон барои гуфтугӯ бо толибҳо
Мавлавӣ Маҳдӣ эътироз кард ва дар вулусволии Балхоб, ки комилан таҳти тасарруфи нерӯҳои ӯст, сангар гирифт. Вай ба толибон паём дод, ки Иморати исломӣ бояд ба ҳаққи ҳазораҳо ва шиаҳои Афғонистон дар қудрат эҳтиром бигзорад.
Ӯ аз Толибон хост, ки ҳадди ақал дар вилоёту вулусволиҳои ҳазоранишин зимоми ҳукуматро ба ҳазораҳо диҳад. Толибон дар ҳукумати худ ҳеҷ ҳазора дар ҳукумат, суд, прокуратура ва дигар мақомоти марказиро таъин накардааст ва мазҳаби шиаи ҷаъфарияро, ки дар замони ҷумҳурият расмӣ буд, эътироф намекунад.
Ҳамчунон ин гуруҳ даъвати Мавлавӣ Маҳдиро низ нодида гирифта, нерӯ фиристод ва Балхобро муҳосира кардааст. Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои мувассақе, ки дар ихтиёри Sputnik Тоҷикистон қарор гирифтааст, Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон низ аз Мавлавӣ Маҳдӣ ҳимоят мекунад.
Як манбаъи огоҳ аз тавофуқот мегӯяд, шахсан Аҳмади Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимат бо Мавлавӣ Маҳдӣ ҳамсӯҳбат шуда, ба нерӯҳои худ дар вилояти Сарипул ва ҳам Самангону Балх дастур додааст, ки бо вай ҳамкорӣ кунанд.
“Ҷабҳа аз оғоз эълон карда буд, ки аз ҳар нерӯе, ки барои озодиву истиқлоли Афғонистон алайҳи Толибон сар мебардорад, ҳимоят кунад”, - гуфт ӯ.
Афганское движение сопротивления и силы восстания против талибов отдыхают во время патрулирования на вершине холма в районе Дарбанд в районе Анаба провинции Панджшер - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2022
Манбаъ: Чархболи толибҳо бо сарнишинҳо ба дасти Ҷабҳаи муқовимат афтод
Ба гузориши манобеъи Sputnik Тоҷикистон дар маҳалл, толибон аз маркази вилояти Сарипул 300, аз вулусволии Рӯи Дуоби вилояти Самангон 200 ҷанҷӯи худро эъзом кардаанд. Мавлавӣ Маҳдӣ дар ҳоли ҳозир ҳудуди 400 нерӯ дорад.
Ҳамзамон дар вулусволиҳои атрофи Балхоб низ гурӯҳҳои марбут ба Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, Ҷамъияти исломии Устод Атомуҳаммади Нур, Ҳизби ваҳдати Муҳаммади Муҳаққиқ ва Ҷунбиши миллии Абдурашид Дӯстум ҳузур доранд.
Балхоб амалан таҳти назорати нерӯҳои Мавлавӣ Маҳдӣ қарор дорад ва амалан аввалин вулусволии Афғонистон хоҳад буд, ки аз контроли толибон хориҷ мешавад.
Дар ҳоли шакл гирифтани муқовимат ин вулусволӣ дар вилоятҳои марказии Афғонистон ба монанди Панҷшеру Андаробҳо дар шимолу шарқ барои толибон дардисарсоз хоҳад шуд.
Лентаи хабарҳо
0