Кишваре ошкор шуд, ки Украинаро "оромона" ғасб хоҳад кард

© SputnikМонумент "Родина-мать" на территории мемориального комплекса "Национальный музей истории Украины во Второй мировой войне" в Киеве
Монумент Родина-мать на территории мемориального комплекса Национальный музей истории Украины во Второй мировой войне в Киеве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Изҳороти норавшани раисҷумҳури Лаҳистон Анжей Дуда метавонад аз хоҳиши Варшава барои тасарруфи қаламрави Украина шаҳодат диҳад
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Лаҳистон қасд дорад, қисмати ғарбии Украинаро ишғол кунад. Ин тахминро собиқ вакили Рада Иля Кива дар канали Telegram-и худ изҳор дошт.
Ҳамин тавр, собиқ вакили парлумон изҳороти ахири президенти Лаҳистон Анжей Дударо шарҳ дод.
Сарвари ин кишвар зимни суханронӣ ба муносибати Рӯзи диаспораҳои Лаҳистон гуфт, ки "миёни Полша ва Украина дигар сарҳад нахоҳад буд".
Кива ба хулоса мекунад, ки бо ин роҳ Варшава қаламрави кишвари ҳамсояро азхуд карданӣ аст.
"Лаҳистон омодагиҳоро барои забти ғарби Украина фаъолона идома медиҳад", - таъкид кард собиқ вакил.
Вай ҳамчунин суханони Дударо мисол овард, ки украинҳо ва полякҳо метавонанд "дар ин сарзамин якҷоя зиндагӣ кунанд".
Қаблан Николай Патрушев, дабири Шӯрои амнияти Русия низ таваҷҷӯҳро ба изҳороти раисиҷумҳури Лаҳистон ҷалб карда буд.
Вай қайд кард, ки чунин изҳорот инчунин маънои гузариши Варшава ба тасарруфи қаламравҳои ғарбии Украинаро дорад.
Секретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Патрушев: Лаҳистон талош дорад, қаламрави ғарбии Украинаро забт кунад
Президенти Украина Владимир Зеленский ба интиқоли соҳибихтиёрии кишвараш ба Лаҳистон розӣ шудааст, гуфт дар навбати худ директори Хадамоти истихбороти хориҷии Федератсияи Русия Сергей Наришкин.
Ба гуфти ӯ, орзуҳои ҳукуматдорони Лаҳистон дар бораи баргардонидани шарқи Украина дар амалиёти мушаххас таҷассум ёфтаанд.
Масалан, Киев дидаю дониста дастрасии "тандем"-и Польшаю Америкаро ба ахбороти дорой ахамияти миллй мекушояд, кайд намуд у.
Ӯ афзуд, ки Киев дасти Лаҳистону ИМА-ро барои дастрасӣ ба иттилооти аҳамияти миллидошта боз мекунад.
Лентаи хабарҳо
0