Мақомоти Русия қурби мусоиди долларро барои кишвар гуфтанд

© PixabayДолларовая купюра
Долларовая купюра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Мақомоти Русия нишондоди мусоиди қурби долларро дар ин кишвар ном бурда, изҳор доштанд, ки барои расидан ба он феълан чораандешӣ карда истодаанд
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Қурби мусоиди доллар барои иқтисоди Русия дар сатҳи 70-80 рубл арзёбӣ мешавад. Дар ин бора "Интерфакс" аз қавли ноиби аввали сарвазири Русия, Андрей Белоусов хабар додаст.
Ба иттилои ин мақомдор, ҳукумати Русия талош дорад, то қурби долларро дар сатҳи мусоид расонад.
Белоусов мегӯяд, василаҳое, ки барои устувории рубл дар шароити қурби шинокунанда мусоидат мекарданд, феълан амалан муассир нестанд.
Яке аз омилҳои асосии ин шева, қоидаҳои буҷа буданд. Ноиби сарвазири Русия тавзеҳ дод, ки имкониятҳои Бонки марказӣ барои идораи эмиссияҳо тавсеа ёфтанд, ки замина барои таварруми ҳадафмандонаро фароҳам оварданд.
Постоянный представитель Российской Федерации при Европейском Союзе Владимир Чижов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2022
Чижов гуфт, Русия ба зиндагӣ бо таҳримҳо одат кардааст
"Феълан ин тарз тақрибан нопадид шуд, дигар ба кор намеравад. Сабабаш масдудсозии захираҳои Бонки Русия ва дар натиҷа лағви қоидаҳои буҷетӣ мебошад", - тавзеҳ дод Белоусов.
Вай илова намуд, ки феълан мақомот санҷиши иқдоми навро баррасӣ доранд, ки аз ҳадафгузории таваррум ба рубл гузаранд. Асъори миллӣ бояд то сатҳи мусоид ҳарчи зудтар поин равад, таъкид намудаст ноиби сарвазири Русия.
Ӯ барои ҳукумат муҳим хонд, ки шароит барои рушди сармоягузорӣ ва афзоиши тавлидотро фароҳам созаду ба афзоиши талаботи дохилӣ таваҷҷуҳ кунад.
Маврид ба зикр аст, ки дар пайи оғози амалиёти низомии Русия дар Украина дар моҳи феврали соли равон қурби рубл то ба ҳадди бесобиқа поин рафт, аммо баъдан рӯй ба устуворӣ ниҳода, ба баландтарин нишондодҳоро тайи 4 соли охир расид.
Бар асоси додаҳои биржаи Маскав, доллар ба ҳолати 20 июн ба ивази 56 рубл додугирифт мешавад.
Лентаи хабарҳо
0