Нашри сабти зарбаҳои “Ураган” ба мавозеи артиши Украина - видео

Обуна шудан
Вазорати дифои Русия истифода аз рокетандози чандгонаи “Ураган” дар амалиёти вижаи низомӣ дар қаламрави Украинаро нашр кард
Вазорати дифои Русия, навори истифодаи системаҳои рокетандози чандгонаи “Ураган”-ро, ки мавқеъҳои низомиёни украиниро дар ҷараёни амалиёти вижа тахриб карданд, нашр кард.
“Мо пеш аз хама ба маконҳои фармондихӣ, тӯпхонаии душман зарба задем. Хумпораҳои тарканда, масофаи ҳадди ақалаш аз даҳ километр зиёд аст. Албатта, душвор аст.”, - мегӯяд Александр, роҳбари штаби дивизиони рокетандоз.
Володин: Украина ба ҳеҷ ваҷҳ барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо мувофиқ нест
Вазорати дифоъ тавзеҳ дод, ки воҳидҳои тӯпхонаӣ ба сӯйи низомиёни Украина, сохторҳои дифоъӣ, посгоҳҳои фармондеҳӣ, аслиҳа ва таҷҳизоти низомӣ зарба заданд.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
“Rebelion”: Вашингтон бояд ба ҳушдорҳои Путин гӯш бидиҳад
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.
Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.
Лентаи хабарҳо
0