Саидиброҳими Раисӣ: Таҳрим барои Эрон монеа эҷод накардааст

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Ирана Эбрахим Раиси выступил в Госдуме РФ
Президент Ирана Эбрахим Раиси выступил в Госдуме РФ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Эрон ахиран эълон кардааст, ки бо такя бар ҳаракати ҷиҳодӣ роҳи бурунрафт аз таҳримҳоро пеш гирифтаанду монеъ аз эҷоди маҳдудиятҳо шудаанд
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Саидиброҳими Раисӣ, раисҷумҳури Эрон ахиран дар Теҳрон гуфт, Эрон тавонист роҳи бурунрафт аз таҳримҳоро бо ҳаракат ҷиҳодӣ пайдо кунад, иттилоъ дод хабаргузории ИРНА.
“Амрикоиҳо худашон эълом кардаанд, ки дар фишори ҳаддиаксарӣ шикаст хӯрдаанд. Маънои ин ҳарф ин аст, ки инқилоби исломӣ роҳи пирӯзиву пешрафтро тай мекунад ва Амрико роҳи уфулу заъфро тай мекунад”, - гуфт Раисӣ зимнии суханронии худ.
Вай илова кард, ки таҳримҳоро бояд хунсо кард.
Хосейн Амир Абдоллахиян, галава МИД Ирана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Амирабдуллоҳиён: Эрон дунболи бомби атомӣ нест
“Тааҷҷуб мекунам, амрикоиҳо аз сӯе эълом мекунанд, омодаи тавофуқ бо Эрон ҳастем, аммо аз тарафе бар листи таҳримҳо меафзоянд”, - қайд кард раисҷумҳури Эрон.
Ҳамзамон оқои Раисӣ эълом кард, ки Эрон ба Амрико эътимод надорад.
“Дунё бояд ба мо ҳақ диҳад, ки мо ба инҳо эътимод надорем, инҳо мисоқшикан ҳастанд”, - афзуд раисҷумҳури Эрон.
Саидиброҳими Раисӣ ҳамчунин гуфт, нақши ҷиҳоди созандагӣ дар Дифои муқаддас эҳёии умед дар дилҳои маҳрумон ва мустазъафон, ноумед кардани душманон дар халлоқияту ибтикори амал дар шаҳру русто ва навовариҳое, ки ба исми инқилоб эҷод кард, бисёр муҳим аст.
Лентаи хабарҳо
0