Сокини 22-солаи пойтахт барои моҳигирӣ рафту ғарқ шуд

© © Sputnik / Амир ИсаевРыбак на берегу Кайраккумского водохранилища, архивное фото
Рыбак на берегу Кайраккумского водохранилища, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Обуна шудан
КҲФ мегӯяд, эҳтимол ин ҷавон хаста шуда, қуввати муқовимат бо ҷараёни тунди обро накардааст. Бо гузашти ду рӯз ҷасади ӯ дарёфт нашудааст
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Ҷустуҷӯи ҷасади ҷавони 22-сола аз рӯдхонаи Кофарниҳон идома дорад ва талоши дурӯзаи наҷотбахшон барои пайдо кардани ҷасад бенатиҷа анҷомидааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Бар хабари манбаъ, наҷотбахшон ҷасади сокини ҷавони ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанберо дар об ҷустуҷӯ доранд, ки ҳанӯз ду рӯз қабл, 19 июн барои моҳигири ба ноҳияи Рӯдакӣ рафта буд.
Манбаъ меафзояд, марҳум аз соҳил ба соҳили муқобил гузашта, машғули моҳидорӣ буд. Пас аз анҷоми моҳигири ӯ хост дубора ба соҳили аввала баргардад, вале дар масофаи ҳамагӣ ду метр дар об ғарқ гардид.
КҲФ мегӯд, сабаби ногаҳон ғарқ шудани моҳигири ҷавон маълум нест ва ба эҳтимоли зиёд ӯ бисёр хаста шудаву қуввати муқовимат ба ҷараёни тунди обро накардаст.
Человек в воде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Сокини ноҳияи Рӯдакӣ ду духтарро аз марг наҷот дод
Ҷустуҷӯи ҷасад то бевақтии рӯзи 19 июн давом кард, вале ягон натиҷа надод. Ҳамчунин то нисфирӯзи 20 июн ҳам ҷасади он ҷавон дарёфт нашудааст ва наҷотбахшону сокинони маҳаллӣ ба кофтукоби ҷасади ҷавон идома доранд.
Қаблан, ин ниҳод аз наҷот ёфтани ду ҷавондухтар хабар дод, ки дар рӯди Элок қариб ғарқ шуданд, вале як сокини 36-солаи ноҳияи Рӯдакӣ онҳоро аз дами марг наҷот дод.
КҲФ мегӯяд, аз оғози мавсими шиноварӣ дар Тоҷикистон беш аз 50 нафар ғарқи оби рӯду дарёҳо шуданд.
Лентаи хабарҳо
0