Сомонӣ тақвият меёбад: БМ гуфт, арзиши рублу доллар ва евро дар Тоҷикистон чанд аст

© Sputnik Таджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Обуна шудан
Дар бозори арзи Тоҷикистон пули миллӣ устуворияшро дар баробари асъор қавитар мекунад. Асъорҳои маъмулӣ ҳафтаро бо коҳишёбӣ оғоз карданд
ДУШАНБЕ, 20 июн — Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъор эълон кард.
Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон, арзиши пули русӣ дар бозори арзи кишвар каме коҳиш ёфта, ҳоло 1000 рубл 176,5 сомонӣ арзиш дорад.
Ин дар ҳолест, ки арзи русӣ давоми ҳафтаи қаблӣ бидуни тағйир буд ва 1000 рубл 177 сомонӣ арзиш дошт.
Пули амрикоӣ бошад, коҳишёбиро аз оғози ҳафтаи қаблӣ сар карда буд, ки ҳамоно башиддат идома медиҳад. Агар қабл аз рӯзҳои истироҳатӣ як доллар дар сатҳи 10,20 сомонӣ муаян шуда буд, пас ҳамакнун 10.78 муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 177 ва дар фурӯш 178 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 177 сомонӣ мехараду ба ивази 181 сомонӣ мефурӯшад.
Деньги, доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.06.2022
Аҳволи доллар чӣ мешавад? Пешгӯии дақиқи коршинос
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 170 сомонӣ ва зимни фурӯш 180 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 176 ва дар фурӯш 178 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 176 сомонӣ мехараду ба ивази 179 сомонӣ мефурӯшад.
Дар "Спитаменбонк" бошад, 1000 рубл зимни харид 176 ва ҳангоми фурӯш 180 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0