Афзоиши қимати сӯзишвории дизелӣ дар Суғд

© Sputnik / Евгений ОдиноковЗаправочные пистолеты на мультизаправочном комплексе АЗС
Заправочные пистолеты на мультизаправочном комплексе АЗС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Нархи сӯхти дизелӣ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Хуҷанд пас аз муътадил шудани нархи бензину газ ба таври қобили мулоҳиза боло рафт
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Дар шимоли Тоҷикистон қимати сӯзишвории дизелӣ ба таври қобили мулоҳиза боло рафт, гузориш медиҳад хабаргузории "Sugdnews".
Дар тоблуҳои электронии нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Хуҷанд 1 литр сӯхти дизелӣ 12,30 сомонӣ (қариб 1,14 доллар) нишон дода мешавад, дар ҳоле ки ҳафтаи қаблӣ қимати он 11,80 сомонӣ (ҳудуди 1,08 доллар) буд.
Ҳамин тариқ дар нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории маркази маъмурии вилояти Суғд нархи дизел 50 дирам боло рафтааст.
Дар баробари ин дигар анвои маводи сӯхт - бензин ва гази моеъ бо нархи қаблӣ фурӯхта мешаванд:
бензини АИ-92 - 10,70 сомонӣ (0,98 доллар),
бензини АИ-95 - 11,20 сомонӣ (11,03 доллар),
гази моеъ - 6 сомонӣ (0,55 доллар).
Ба гуфтаи кормандони нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории Хуҷанд, болоравии қимати дизел мустақиман ба ҳаҷми харидории ин навъи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон рабт дорад.
Заправка автоцистерн. Архивное фото. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.05.2022
Қирғизистон ба хариди сӯзишворӣ аз Русия бо рубл шуруъ кард: Тоҷикистон чӣ?
Ёдовар мешавем, ки афзоиши якбораи нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ дар ҷумҳурӣ аз нимаи моҳи марти соли ҷорӣ оғоз шуд, ки ба болоравии он қурби доллар сабаб шуд.
Қаблан қимати сӯзишвории дизелӣ то 13,00 сомонӣ, бензини АИ-92 ба 12 сомонӣ ва тамғаи АИ-95 то 12,50 сомонӣ боло рафта буд.
Бо поин рафтани арзиши доллар нархи сӯзишворӣ ва равғанҳои молиданӣ коҳиш наёфт.
Лентаи хабарҳо
0