Аскар Акаев: Табаддулоти соли 2005-ро ИМА ташкил кард

© Sputnik / Александр НатрускинДоктор экономических наук, профессор, иностранный член РАН, экс президент Кыргызстана Аскар Акаев
Доктор экономических наук, профессор, иностранный член РАН, экс президент Кыргызстана Аскар Акаев  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти нахустини Қирғизистон мегӯяд, аз тасмимаш бораи тарк кардани ин кишвар дар моҳи марти соли 2005 пушаймон нест. Ӯ сабаби чунин тасмимашро гуфт
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Раисиҷумҳури нахустини Қирғизистон Аскар Акаев "инқилоби лолаӣ"-ро табаддулоти давлатие номид, ки аз ҷониби ИМА ташкил шудааст.
Раисиҷумҳури пешин ва фирории Қирғизистон бо даъвати ҷониби Қазоқистон дар яке аз донишгоҳҳои Алмаато суханронӣ кардааст, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон.
Ба гуфтаи Оқоев, дар солҳои 90-уми қарни гузашта Қирғизистон суръати хуби рушд дошт, аммо мушкилот дар солҳои 2000-ум пайдо шуданд.
Вай "инкилоби лолаӣ"-ро табаддулоти давлатие номид, ки Иёлоти Муттахидаи Амрико ташкил кардаанд.

"Ман дар ин бора ошкоро суҳбат мекунам, зеро сафири ИМА ҷаноби Янг, бахусус пас аз инқилобҳо дар Гурҷистон ва Украина, гуфт, ки табаддулотро ИМА ташкил кард. Савол ин аст, ки шояд ман бо тарки ватан хато кардам. Аксаран мегӯянд, ки ман бояд мемондам", - гуфт Аскар Акаев.

Ба қавли президенти нахустини Қирғиизстон ӯ намехост номашро бо хунрезиҳо алоқаманд кунад.
Экс-президент Кыргызстана Курманбек Бакиев, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Боқиев бахшида мешавад? Ҷабборов гуфт, дар Қирғизистон ӯ аз ёди ҳама рафтааст
"Аммо ман тасмим гирифтам, ки номамро бо хунрезиҳо алоқаманд карда наметавонам ва тасмим гирифтам, ки кишварро тарк кунам ва пушаймон нестам”, - гуфт Акаев.
Ҷабборов: Акаев дигар назди мардум гунаҳкор нест
Ин суханонро Аскар Акаев зимни боздид аз Донишгоҳи миллии Қазоқистон гуфт. Ӯ ҳамроҳи ҳамсараш Майрам Акаева аз ин боргоҳи илм дидан кардаанд.
Лентаи хабарҳо
0