Генерали эронӣ гуфт, Эрон амнияти Тоҷикистонро амнияти худ медонад ва омодаи кумак аст

© Пресс-служба Министерства труда, миграции и занятости Республики ТаджикистанФлаги
Флаги - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Генерали эронӣ мегӯяд, Эрон амнияти Тоҷикистонро амнияти худ медонад ва омодаи ҳар навъ кумаки зарурие дар ин замина аст
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Раҳимзода Рамазон Ҳамро, вазири корҳои дохилии Тоҷикистон бо муовини амниятӣ ва интизомии вазири кишвари Ҷумҳурии Исломии Эрон, генерал-майор Саидмаҷиди Мираҳмадӣ масоили амниятии кишварҳоро баррасӣ кардаанд.
Бино ба иттилои расонаҳои расмии эронӣ, Саидмаҷиди Мираҳмадӣ дар раъси як ҳайати гурӯҳи корӣ барои амалисозии созишномаҳои қаблан миёни ниҳодҳо имзошуда ба Тоҷикистон омадааст.
Зимни мулоқот намояндаи ҷониби Эрон гуфтааст, ки ташкили гурӯҳи кории муштараки амниятиро муҷиби тақвияти амнияти ду кишвар ва хунсо сохтани таҳдидҳои душманони ду миллат медонад.
Встреча Рахмона и Ибрагима Раиси в Тегеране - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.05.2022
Аз иқтисод то илму амният: Тоҷикистону Эрон 16 санади ҳамкорӣ имзо карданд
Саидмаҷиди Мираҳмадӣ бар иродаи ҷиддии тарафи Эрон барои иҷрои тавофуқҳо ва фармонҳои раҳбарону сарони ду кишвар ба манзури тақвияти равобит дар ҳамаи заминаҳо таъкид кардааст.
Мираҳмадӣ гуфтааст, ки онҳо амнияти Тоҷикистонро амнияти Эрон медонанд ва омодагии Теҳронро барои ҳар навъ кумаке дар ин замина эълому изҳори умед кардааст, ки гурӯҳи кории муштарак заминаҳои лозимаро дар ин хусус фароҳам хоҳанд кард.
Намояндаи Эрон бо ишора ба иштирокоти тамаддунӣ, фарҳангӣ ва забонии Эрону Тоҷикистон осонии сафар барои мубодилоти тиҷорӣ, фарҳангӣ ва иқтисодиро омили муҳиме барои тавсеаи ду кишвар дониста, хостори фароҳам кардани шароити лағви раводиди атбои ду кишвар шуд.
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон низ гуфтааст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманд метавонанд баҳри мубориза бо зуҳуроти номатлуб ва хатару таҳдидҳои замони муосир натиҷабахш бошанд.
Лентаи хабарҳо
0