Дар канали Варзоб ҷасади шахси номаълум пайдо шуд

© КЧС РТТело 25-летнего гражданина Туркменистана было найдено вчера в Гиссарском Гранд-канале
Тело 25-летнего гражданина Туркменистана было найдено вчера в Гиссарском Гранд-канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Обуна шудан
Феълан шахсияти ғарқшуда номаълум буда, ҳамчунин маълум нест, ки дар чӣ шароите ӯ ғарқ шудааст. КҲФ мегӯяд, мард тахминан 34-40-сола аст
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Аз дохили канали "Дериватсионӣ" дар Варзоб ҷасади марди ношинос пайдо шудааст. Дар ин бора дафтари матбуотии Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда хабар дод.
Ба иттилои манбаъ, кормандони КҲФ дар шаҳри Душанберо нозири милитсияи минтақавӣ дар Варзоб аз иттифоқ уфтодани ин ҳодиса хабардор кардааст.

"Ба навбатдори фаврии Раёсати КҲФ дар Душанбе хабар расид, ки дар дохили канали "Дериватсионӣ"-и Варзоб, дар имтидоди канал, ки аз кӯчаи Нодири ноҳияи И. Сомонӣ убур мекунад, ҷасади шахси номаълум намудор шуд", - омадааст дар иттилоия.

Манбаъ меафзояд, пас аз дастрас кардани ин хабар гурӯҳи наҷотбахшон ва роҳбарияти раёсат ба ҷойи ҳодиса сафарбар гардид.
Гуфта мешавад, мард тахминан 35-40 -сола буда, ҷасади ӯро наҷотбахшон ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супурданд.
Тело 25-летнего гражданина Туркменистана было найдено вчера в Гиссарском Гранд-канале - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Аз рӯдхонаи Душанбе ҷасади ҷавондухтаре пайдо шуд
Феълан шахсияти ғарқшуда ва ҳамчунин сабабҳои фоҷеа маълум нест. Мақомот дар ин хусус ба тафтиш оғоз намуданд.
Маврид ба зикр аст, ки ин аввалин мавриди дарёфти ҷасад дар соли равон аз рӯду каналҳо набуда, қаблан дар дарёи Душанбе ҷасади марди тахминан 45-50-соларо пайдо карда буданд, ки ҳувияти ӯ низ номаълум буд. Гуфта мешавад, ҷасад дар шафати боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Умари Хаём намудор шудааст.
Инчунин дар оғози моҳи ҷорӣ дар наздикии Маркази барқу гармидиҳии "Душанбе-2" ҷасади ҷавондухтари 22-сола низ пайдо шуда буд.
Лентаи хабарҳо
0