Харобкориҳои сел дар ноҳияи Рӯдакӣ: пулро шуст ва манзилҳои 5 деҳаро тахриб кард

© КҲФОқибатҳои сел дар ноҳияи Рӯдакӣ
Оқибатҳои сел дар ноҳияи Рӯдакӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Обуна шудан
Дар пайи боришоти шадиди борон ва фаромадани сел манзилу роҳҳои 5 деҳаи ноҳияи Рӯдакӣ тахриб, роҳҳо банд шудаанд ва 8 сар чорвои калон талаф ёфтааст
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Фаромадани сел дар ҷамоати деҳоти Эсанбойи ноҳияи Рӯдакӣ роҳ то маркази ноҳияро муваққатан баст. Дар ин бора Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар дар ҷамоати деҳоти Эсанбой ноҳияи Рӯдакӣ, шоми рӯзи гузашта, бинобар сабаби боришоти зиёд аз талу теппаҳо сел фаромад, ки дар натиҷа, роҳи ҷамоат то маркази ноҳия, аз километри 16 то 54-ум муваққатан баста гардид.
"Иничунин дар километри 68-ум 1 адад пули мошингузар, ки маркази ноҳияро ба ҷамоати деҳоти Эсанбой пайваст мекард, пурра шуста вайрон намудааст", - омадааст дар хабарнома.
Зимнан, дар ҷамоати деҳоти Эсанбой деҳаи Ишқобод ва деҳаи Чаган селоба ба 4 замини наздиҳавлигии шаҳрвандон ворид шуда, қисман вайрон кардааст
Ҳамчунин, дар ҷамоати деҳоти Чоргултеппа деҳаи Машъал аз сел 2 замин наздиҳалигӣ ва зиёда аз 500 метр роҳи деҳа зарар дидааст.
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Аз тахриби хати барқ то роҳҳо ва манзили сокинон: оқибати сели харобиовар дар Хуросон
Тибқи гузориши КҲФ, дар баробари ин дар деҳаи Шуриён ва деҳаи Пистамазор ҷамоати деҳоти Эсанбой сел 8 сар чорвои калонро ба ҳалокат расонд.
Манбаъ афзуда, ки барои рафъи паёмадҳои ин офати табиӣ 4 адад техникаи муҳндисӣ сафарбар гардида корҳои барқароркунӣ идома доранд.
Сел се деҳаи ноҳияи Деваштичро хароб кард - видео
Ҳаҷми зарари расида пурра аз ҷониби космиссияи ҳолатҳои фавқулодда дар ноҳияи Рӯдакӣ муайян карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0