Пешниҳоди ҷорӣ кардани имтиҳони шифоҳӣ барои муҳоҷирон дар Русия

© Sputnik / Кирилл Каллиников / Гузаштан ба хазинаи аксВыдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области
Выдача первых патентов в Едином миграционном центре Московской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Хуб аст, ки муҳоҷирони меҳнатӣ забони русиро шифоҳӣ омӯзанд, то ҳамгироӣ бо ҷомеаи Русия барояшон осонтару беҳтар сурат гирад
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Муҳоҷирони корӣ ба манфиати худ имтиҳони забони русиро ба таври шифоҳӣ месупоранд, менависад "Парламентская газета".
Дар ин бора Виктор Смирнов, узви Кумитаи Думаи давлатии Русия дар умури маориф изҳори назар кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, шахсе, ки барои дарёфти патент ё иҷозаи кор дар Русия қарор дорад, албатта, бояд ҳадди ақал забонро донад, ки дар кадом ҷомеа будани худро дарк кунад.

"Аз худ кардани забон низ як раванди таълим аст. Инчунин ин барои ҳимояи ҳуқуқи худ дар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ донистани забон лозим аст", - таъкид кард Смирнов.

Вай ҳамчунин қайд кард, ки пас аз пешниҳоди Вазорати илм ва маорифи Федератсияи Русия дар бораи ворид намудани тағйирот ба тартиби супурдани имтиҳони забони русӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ тағйироти каме ба назар мерасад.
Муҳоҷирон набояд аз ин изҳори норизоӣ кунанд, зеро тағйирот чандон муҳим нест. Вакил афзуд, ба ҷуз имтиҳони хаттӣ “бояд имтиҳони шифоҳӣ низ бошад”.
Молодые люди на пешеходном мосту  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2022
Бе муҳоҷирон намешавад: коршиносон коҳиши нерӯи корӣ дар Русияро арзёбӣ карданд
Илова бар ин ӯ қайд кард, ки дар лоиҳаи қарорҳо муқаррароти пурраи тартиби санҷиш аз лаҳзаи муайян шудан то анҷоми он пешбинӣ шудааст. Тибқи тартиби ҷорӣ, танҳо 10 дақиқаи аввалро сабт кардан мумкин аст.
Смирнов ҳамчунин зимни суҳбат таъкид кард, ки аз соли 2023 бозсозии бозори меҳнат дар кишвар пешбинӣ мешавад.
Қаблан Вазорати илм ва маорифи Русия пешниҳод карда буд, ки тартиби супоридани имтиҳон аз забони русӣ барои хориҷиён ислоҳ карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки санҷиши донишу малакаи забони русӣ ба далели мушкили иҷтимоӣ шудани муҳоҷирон ба миён омада буд, ки ба гуфтаи мақомоти ин кишвар, вакилонро ба ислоҳи қонунгузорӣ водор кардааст.
Лентаи хабарҳо
0