Митсотакис: Аврупо дар ҳолати ҷанг қарор дорад

© Sputnik / Евгений Одиноков / Гузаштан ба хазинаи аксПремьер-министр Греции Кириакос Мицотакис
Премьер-министр Греции Кириакос Мицотакис - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Сарвазири Юнон ахиран эълон кардааст, ки Аврупо дар ҳолати ҷанг қарор дорад ва таъсири он дар тамоми бахшҳои иқтисод дида мешавад
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Кириакос Митсотакис, сарвазири Юнон дар мусоҳиба бо “Capital.gr” гуфт, сатҳи рекордии таваррум ва болоравии нархи нерӯи барқ ​​дар даҳсолаҳои охир аз он шаҳодат медиҳад, ки Аврупо "дар ҳолати ҷанг" қарор дорад.
"Вазъ воқеан душвор аст. Барои иқтисоди ҷаҳонӣ ва барои иқтисоди Аврупо мушкил аст. Барои иқтисоди Юнон ҳам мушкил аст, зеро мо бо таҳдиди таварруме, ки дар тӯли 40 сол дар Аврупо мушоҳида нашуда буд, рӯ ба рӯ шудем. Мо бояд ин таъкиду такрор кунем, то шаҳрвандон дарк кунанд, ки мо дар ҳолати ҷанг ҳастем, Аврупо дар ҳоли ҷанг аст ва оқибатҳои амалиёти низомии Русия дар Украина, мутаассифона, ҳоло дар тамоми бахшҳои иқтисод эҳсос мешавад", - гуфт Митсотакис.
Ба гуфтаи ӯ, ҳукумат муваззаф аст, ки дар доираи имконоти буҷет барои коҳиш додани таъсири болоравии нархҳо дар ҳама сатҳҳо ба даромад ҷорӣ дахолат кунад.
Флаг ЕС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Иттиҳодияи Аврупо шарти лағви таҳримҳо алайҳи Русияро эълон кард
Вай гуфт, ки дар ҷаласаи ахири Шӯрои вазирон дар робита ба болоравии қимати маводи сӯхт дар се моҳи оянда бастаи кумаки иловагӣ ба аҳолӣ ва
Дар баробари ин, ба гуфтаи Митсотакис, иқтисоди Юнон имрӯз нисбат ба замони ба давраҳои қаблӣ ба маротиб амнтар аст ва заминаи қавӣ дорад.
Митсотакис гуфт, ки ҳеҷ нишонае вуҷуд надорад, ки таваррум ба касодӣ мунҷар мешавад.
"Агар иқтисоди Юнон бо суръати тезтар аз пешгӯиҳои агентиҳои баҳогузории хориҷӣ, Иттиҳоди Аврупо ва Сандуқи Байналмилалии Пул афзоиш ёбад, ман ҳайрат нахоҳам буд. Ман инро мегӯям, зеро мо иттолооти хеле хуб дорем. Иттилооти хуб аз бахши сайёҳӣ, инчунин аз соҳаи сармоягузорӣ дорем ва ман аз он хушбин ҳастам, ки мо дар соли 2022 рушди хуб ва устувор хоҳем дошт”, - гуфт сарвазир.
Русия 24 феврал дар Украина амалиёти вижаро оғоз кард.
Кишвардор Владимир Путин ҳадафи онро "ҳимояи одамоне номид, ки тӯли 8 сол аз сӯи режими Киев мавриди таҳқиру наслкушӣ қарор гирифтаанд".
Председатель Государственной Думы РФ Вячеслав Володин  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Володин: Украина ба ҳеҷ ваҷҳ барои узвият дар Иттиҳоди Аврупо мувофиқ нест
Барои ин, ба гуфтаи ӯ, дар назар аст, ки "нозизудоӣ ва ғайринизомикунонии Украина" анҷом дода, тамоми ҷинояткорони ҷангии масъули "ҷиноятҳои хунини зидди мардуми осоишта" дар Донбасс ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Нерӯҳои мусаллаҳи кишвар вазифаи асосии марҳилаи аввали амалиёти махсусро анҷом доданд. Онҳо иқтидори ҷангии Украинаро ба таври назаррас коҳиш доданд.
Пас аз оғози амалиёти вижа, Маскав ва Киев 4 даври музокироти рӯ ба рӯ баргузор карданд. Тарафҳо аллакай дар баъзе масъалаҳо ба созиш расиданд.
Аммо моҳи апрел муколама қатъ шуд, зеро Украина ба пешниҳодҳои Русия дар бораи тарҳи паймон дигар вокуниш накард.
Лентаи хабарҳо
0