Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Вазъ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон
Хабарҳои бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон

Кӯчаҳои Исфара номи шаҳидон дар марзро гирифтанд. Ҳадафи қарор чист?

© Sputnik Ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара
Ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Вакилони мардумии шаҳри наздисарҳадии Тоҷикистон ба поси хотири қурбониёни даргириҳои марзӣ бо Қирғизистон бархе кӯчаҳоро ба номи эшон гузоштанд
ДУШАНБЕ, 21 июн – Sputnik. Мақомоти Исфара 11 кӯчаро номгузорӣ кардаанд, ки аксарияти онҳо ба номи қурбониёни даргириҳои марзӣ бо Қирғизистон гузошта шудаанд.
Зубайдулло Шомадов, котиби матбуотии ҳукумати шаҳри Исфара ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, аз ҷумла бо дархости истиқоматкунандагони маҳаллаи 13-уми шаҳр, яке аз кӯчаҳои маҳалла ба номи марҳум Шарипов Абдулатиф – собиқ ронандаи мошинаи "Ёрии таъҷилӣ" гузошта шуд. Шарипов, ки дар Шифохонаи марказии шаҳр кор мекард, ҳангоми иҷрои вазифаи хизматӣ ба шаҳодат расид, афзуд ӯ.
Дар ҷамоати Чоркуҳ як қисми кӯчаи Навободи поён ба номи Махкамов Ҳикматулло, қисми дигари кӯчаи мазкур ба номи Ҳошимзода Иброҳим, кӯчаи Масҷиди миёна ба номи Шаропов Ҳасанхон, кӯчаи Лангари Бӯстон ба номи Ваҳҳобов Собир гузошта шудаст.
Инчунин кӯчаи Лангари Хайробод номи Қаландаров Манучеҳр, як қисми кӯчаи Ибод Файзуллоев номи Ниёзов Ҳакимбой, кӯчаи Чакалак номи Эшонов Далер ва кӯчаи Сомониён номи Набиев Нусратуллоро гирифтаанд.
Маврид ба зикр аст, ки номбурдаҳо рӯзи 28 ба 29 апрели соли 2021 дар пайи муноқишаи марзӣ бо Қирғизистон сари дарғоти Обтақсим, маъруф ба "Головной" ба шаҳодат расидаанд.
Въезд в населенный пункт Ворух в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.06.2022
Нигаронии сокинони Ворух аз даргириву муноқишаҳо дар марз
Ҳадаф аз қарорҳои мазкури вакилони Исфара, абадӣ гардонидани номҳои шаҳрвандони ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ, ки манфиати ҷамъияту Ватанро аз манфиати шахсӣ боло гузошта, барои ҳифзи марзу буми кишвар, манзилу маҳал ва деҳаи худ ҷони хешро нисор кардаанд.
Дар баробари ин бо назардошти хизматҳои бисёрсолаю бенуқсон, саҳми арзанда дар тарақиёти иқтисодию иҷтимоии шаҳру деҳоти Исфара, кӯчаи "Гулистон"-и Ҷамоати деҳоти Ворух ба номи корманди шоистаи Тоҷикистон шодравон Абдусамад Шомирсаидов гузошта шудаст.
Инчунин бо мақсади абадӣ гардонидани номи собиқадори меҳнат, марҳум Давлатов Бобосӯфӣ, ки дар обод намудани мавзеи Кехи Ҷамоати деҳоти Ворух, бунёди роҳу иншооти маишӣ саҳми назаррас гузоштааст, яке аз кӯчаҳои маҳаллаи навбунёди Кех номи ӯро гирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки Тоҷикистону Қирғизистон беш аз 980 километр марзи муштарак доранд, ки аз ин то ҳол ҳудуди 520 километраш аломатгузорӣ шуда, боқимонда ҳанӯз ҳам номуайян мебошад. Номуайянӣ мунтазам боиси таниш дар марз мешавад, ки баъзан бо тирпарронӣ ва куштор аз ҳар ду ҷониб меанҷомад.
Лентаи хабарҳо
0