Пули нави СҲШ: доллар чӣ мешавад? - видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Банкнотаҳои универсалӣ дар доираи Созмони Ҳамкориҳои Шанхай - абзоре барои кишварҳои азим ё неъмат барои ҳама ширкаткунандагон?
Ташаббуси Эрон барои эҷоди як пули ягонаи маҷозӣ барои тиҷорат дар доираи СҲШ хеле саривақтӣ пешниҳод шудааст, зеро дар ҳоли ҳозир дар ҷаҳон бархӯрди Ғарб ва Шарқ ҷараён дорад.
Дар ин бора Сергей Лузянин, доктори илмҳои таърих дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон изҳори назар кард.
Ба гуфтаи ӯ, пешниҳоди Теҳрон боиси мавҷи баҳсҳо дар дохили созмон шуд, аммо таъсиси чунин пул як қатор мушкилот дорад.
Сабаби асосии он пайваст нашудани воҳиди пулии нав ба рубл, юан ва дигар пулҳо мебошад.

"Дар ин ҷо бисёр суолҳои сирф коршиносӣ, технологӣ вуҷуд доранд, аммо ман фикр мекунам, дар ҷараёни баррасии мавзуъ ин роҳи тӯлонӣ комилан фаҳмида мешавад, ки ин кори иҷрошаванда дар як муддати кӯтоҳ нест, балки раванди технологӣ аст," - афзуд олим.

Дар ҳамин ҳол Лузянин қайд мекунад, ки идеяи Эрон ҳаётӣ аст, илова бар ин он метавонад долларро ба таври қобили мулоҳиза заиф кунад ва манфиатҳои пулии аъзои СҲШ-ро дар авлавият қарор диҳад.
Дар навбати худ чунин пулҳои маҷозӣ барои Тоҷикистон хеле фоидаовар ба назар мерасанд, бовар дорад, коршинос.
Пеш аз ҳама тавассути механизмҳое, ки сохтори дутабақаи молиявиро дар назар доранд: дар аввал - нигоҳ доштани пули миллӣ, иқтисод ва биржаҳои молӣ ва дуюм - пули ягонаи виртуалӣ барои харидории захираҳои асосии стратегӣ аз шарикони паймон.
Лентаи хабарҳо
0