Қудрати Русия дар чист: ду корти асосии кишвар алайҳи таҳримҳо ошкор шуд

Москва  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Чин мегӯяд, Русия ба шарофати ду манобеъ, ки бо вуҷуди фишорҳои азими берунӣ кишварро пуштибонӣ мекунанд, ба таҳримҳо мубориза хоҳад бурд
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Захираҳои энержӣ ва ғизоии Русия ба қувваи аслии ин кишвар бар зидди таҳримҳои Ғарб табдил хоҳанд ёфт.
Дар ин бора мудири шӯъбаи таҳқиқоти иқтисодии Русия дар Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин, Сюй Полин дар мусоҳиба бо "Гуанча" хабар дод.
Ба эътиқоди ӯ, Маскав бо маҳдудиятҳои зидди Русия бомуваффақият мубориза мебарад ва нишондиҳандаҳои умумии иқтисодии давлат "ҳеҷ мушкилот надоранд".
"Беҳтарин кортҳои Русия дар мубориза бо таҳримҳои Ғарб ин энержӣ ва ғизо аст", - гуфт Полин.
Коршинос қайд кард, ки Русия ҳатто дар шароити таҳримҳо тавонистааст ҳаҷми интиқоли сӯзишвории кабуд ба Иттиҳодияи Аврупоро 30% афзоиш диҳад. Дар ҳоле ки нархи газ дар Аврупо ба таври қобили мулоҳиза боло рафтааст.
Вай аз суханони президенти Русия Владимир Путин ёдовар шуд, ки гуфт, дар соли ҷорӣ кишвар метавонад ба хориҷи кишвар 50 миллион тонна ғалла содир кунад.
Американский флаг. Вашингтон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 10.06.2022
Дар ИМА эътироф карданд, ки таҳримот алайҳи Русия нархҳоро гарон кард
"Ин ба сатҳи солҳои қаблӣ мувофиқат мекунад ва аз он шаҳодат медиҳад, ки Русия то ҳол ба масъулияти худ хеле ҷиддӣ муносибат мекунад", - таъкид кард коршинос.
Ёдовар мешавем, ки билофосила пас аз оғози амалиёти низомии Русия дар Украина аз 24 феврали соли 2022 кишварҳои ғарбӣ фишори таҳримиро алайҳи Русия афзоиш доданд.
Баъзе давлатҳо баста шудани дороиҳои Русияро эълон карданд, брендҳои бузург кишварро тарк карданд.
Чижов гуфт, Русия ба зиндагӣ бо таҳримҳо одат кардааст
Дар ҳоли ҳозир Иттиҳодияи Аврупо 6 бастаи таҳримро тасвиб кардааст, ки ҷорӣ кардани тадриҷан эмбарго ба воридоти ангишт ва нафтро пешбинӣ мекунад.
Маскав ин иқдомҳоро ҳамчун як ҷанги иқтисодӣ арзёбӣ кард, ки собиқа надорад.
Путин қайд кард, ки сиёсати ҷилавгирӣ ва заъиф кардани Русия як стратегияи дарозмуддат аст ва таҳримҳо дар маҷмӯъ ба иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи сахт задаанд.
Лентаи хабарҳо
0