Дар саросари Тоҷикистон ҷашнвораи олимпӣ баргузор мешавад

© Sputnik / Амир ИсаевСоревнования по дзюдо в Таджикистане
Соревнования по дзюдо в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Обуна шудан
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии олимпӣ дар навоҳии Тоҷикистон барои ҷалби шаҳрвандон ба варзиш новобаста аз синну ҷинс мусобиқаҳо баргузор мешаванд
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Боғи "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе макони баргузории Ҷашнвораи олимпӣ ба ифтихори Рӯзи байналмилалии олимпӣ мешавад.
Ба иттилои кумита, ҷашнвора рӯзи 23 июн дар назар буда, дар ин рӯз дар тамоми шаҳру навоҳӣ мусобиқоти варзишӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Ин ниҳод зикр намудаст, ки аз нимаи асри гузашта то ҳол ҳар сол 23 июн Рӯзи байналмилалии олимпӣ таҷлил мегардад. Таҷлили ин сана ба он далел аст, ки 23 июни соли 1894 дар шаҳри Париж Конгресси байналмилалӣ оид ба проблемаҳои тарбияи ҷисмонӣ бо иштироки намояндагони 12 давлат баргузор шуд ва Кумитаи байналмилалии олимпӣ таъсис ёфт.
Празднование Навруза в Москве на стадионе Лужники - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Ҷамъбасти мусобиқаи байналмилалии волейболбозон дар Душанбе: кӣ ҷойи якум гирифт?
Ҳадаф аз таҷлили ин рӯз тарғиби варзиш дар тамоми ҷаҳон ва ҷалби одамон, новобаста аз син, ҷинс ва имконияти онҳо ба варзиш арзёбӣ шуд. Зикр гардид, ки аввалин Бозиҳои олимпии муосир соли 1896 дар Юнон бо иштироки 241 варзишгар аз 14 давлат баргузор шуд, ки аз рӯи 9 намуди варзиш рақобат карданд.
Тоҷикистон аз соли 1996 дар Бозиҳои олимпӣ иштирок мекунад ва варзишгарони ҷумҳурӣ то ҳол 4 медали олимпӣ - 1 тилло, 1 нуқра, 2 биринҷиро ба даст овардаанд.
Медали тиллоро барои Тоҷикистон гурзандоз Дилшод Назаров соли 2016 дар Бозиҳои олимпии Рио-де-Жанейрои Бразил ба даст овард. Медали нуқраро Юсуф Абдусаломов дар Бозиҳои олимпии Пекин 2008 дар намуди куштии тарзи озод ва ду медали биринҷиро ҷудокор Расул Боқиев дар Пекин соҳиб шуд.
Медали дигари биринҷиро Мавзуна Чориева соли 2012 дар Бозиҳои олимпии Лондон дар намуди бокс ба даст оварданд.
Лентаи хабарҳо
0