Аз тахриби хати барқ то роҳҳо ва манзили сокинон: оқибати сели харобиовар дар Хуросон

© КҲФБартарафсозии оқибатҳои сел дар Тоҷикистон
Бартарафсозии оқибатҳои сел дар Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ин офати табиӣ се хонаи истиқоматии шаҳрвандонро бо тамоми ашёи рӯзгор аз лойқа пур кард. Феълан кормандони раёсати КҲФ ба рафъи паймадҳои сел оғоз кардаанд
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Боронгариҳои шадид боиси омадани сел дар ноҳияи Хуросон гардид, хабар медиҳад Кумитаи ҳолатҳои фавқулода.
Бар хабари манбаъ, нисфирӯзи 20 июн бинобар боришоти зиёд дар ҷамоати деҳоти Ғалаобод, деҳаи Меҳнатобод аз минтақаи обгузари маҳаллаи Низомбои дараи Оқсӯ, минтақаи рақами 1 сел омад.
Манбаъ меафзояд, офати табиӣ беш аз 30 замини наздиҳавлигии сокинон, иншоотҳои ёрирасон, симтурҳо, хатҳои барқро тахриб кард.
Ҳамчунин сел роҳҳои мошингузари байни деҳаҳо, қубурҳои обгузар ва насосҳои обкашониро хароб намуд.
Илова бар ин, дар ин офати табиӣ се хонаи истиқоматии шаҳрвандон аз вуруди лойқа пурра бо ашёҳои рӯзгор хароб гардидаанд.
Сели харобиовар дар ноҳияи Деваштич - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Сел се деҳаи ноҳияи Деваштичро хароб кард - видео
Дар ҳамин ҳол, барои бартараф кардани паёмадҳои офати табиӣ, 20 нафар кормандони Раёсати КҲФ дар вилояти Хатлон ба ҷойи ҳодиса сафарбар шуданд.
Кормандони Раёсат бо ду адад техника ҳамроҳ бо кормандони Раёсати ВКД дар вилояти Хатлон ва сохторҳои қудратии ноҳияи Хуросон ба пок намудани манзилу роҳҳо аз лойқа шурӯъ намудаанд.
Дар айни замон комиссияи ҳолатҳои фавқулоддаи ноҳияи Хуросон дар ҷои ҳодиса фаъолият намуда, шумораи хонаҳои истиқоматии харобгашта ва ҳаҷми зарари расидаро муайян мекунад.
Лентаи хабарҳо
0