Уфти қурби доллар дар Тоҷикистон: бозори арз

© Sputnik / Нина ЗотинаДенежные купюры США.
Денежные купюры США. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Қурби пули амрикоӣ дар Тоҷикистон ба таври қобили мулоҳиза коҳиш ёфта, дар бархе аз бонкҳои тиҷоратӣ аз марзӣ 10 сомонӣ барои як доллар поин рафтааст
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Дар давоми рӯз қурби доллар дар баробари сомонӣ чанд зинаи дигар поин рафт.
Ба гуфтаи Бонки миллии Тоҷикистон, ҳоло як доллар 10,60 сомонӣ арзиш дорад, дар ҳоле ки як рӯз пеш қурби он ҳудуди 10,78 буд.
Дар ҳамин ҳол хариди ин арз дар "Амонатбонк" ба маротиб поинтар буда, барои 1 доллар 10,2 сомонӣ ва фурӯш 10,5 сомониро ташкил медиҳад.
Дар дигар бонкҳои тиҷории кишвар арзиши ин асъор боз камтар шуда, то 10 ва 9,5 сомонӣ барои як доллар коҳиш ёфтааст.
Пули русӣ дар ҳолати устувор қарор дорад ва тибқи нишондодҳои ниҳоди молии кишвар, 1000 рубл 176,3 сомонӣ мебошад.
Долларовая купюра - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Мақомоти Русия қурби мусоиди долларро барои кишвар гуфтанд
Дар мавриди евро бошад, он низ дар ҳоли шинокунанда қарор дорад ва тибқи маълумоти БМТ, то 21 июн қимати он 11,15 сомонӣ барои як евроро муқаррар шудааст.
Бонкҳои тиҷории кишвар бошанд, арзиши рублро дар баробари БМТ каме поинтар нигоҳ доштаанд. Аз ҷумла дар "Ориёнбонк" барои ҳазор рубл зимни харид 170 сомонӣ ва зимни фурӯш 180 сомонӣ нарх муқаррар шудааст.
Бонки "Эсхата" қурби ҳазор рублро зимни харид 176 ва дар фурӯш 178 сомонӣ муайян намудааст. "Алифбонк" ҳазор рублро феълан бо нархи 176 сомонӣ мехараду ба ивази 178 сомонӣ мефурӯшад.
Дар "Спитаменбонк" бошад, 1000 рубл зимни харид 176 ва ҳангоми фурӯш 180 сомонӣ қимат дорад.
Дар ҳамин ҳол Бонки миллӣ ҳушдор медиҳад, ки муомилоти асъории берун аз филиалҳо, марказҳои хидматрасонии бонкӣ, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо мамнуъ мебошад.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ дар пай дорад.
Лентаи хабарҳо
0