Вакили рус даъват кард, ки қасри Галкин ба муҳоҷирони Донбасс дода шавад

© Sputnik / Евгений Биятов / Гузариш ба медиабонкАртист эстрады, ведущий Максим Галкин
Артист эстрады, ведущий Максим Галкин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Обуна шудан
Вакили парлумон даъват кард, ки дар сурати ошкор шудани қонуншиканӣ дар сохтани манзили Галкин, қасри ситораро ба муҳоҷирон аз Ҷумҳурии Мардумии Донетск диҳанд
ДУШАНБЕ, 21 июн — Sputnik. Қасри шоумен Максим Галкин бояд мусодира ва ба муҳоҷирони ниёзманди ҶМД ва ҶМЛ супорида шавад, агар ҳангоми тафтиши додситонӣ дар сохтмони манзил қонуншиканӣ ошкор шавад.
Дар ин бора ба РИА Новости Андрей Луговой муовини аввали раиси Кумитаи амният ва мубориза бо фасоди Думаи давлатии Русия хабар додааст.
"Агар дар рафти санҷиш ягон қонуншиканӣ ошкор шавад, пас паноҳандагон аз Донбасс бояд ба қасри Галкин кӯчонида шаванд. Аз нуқтаи назари ахлоқӣ, ман ин идеяро ҷонибдорӣ мекунам", - гуфт вакили парлумон.
Пештар ходимони ҷамъиятии "Муҳофизати обу ҷангал" як қатор қонуншиканиҳоеро, ки гуё ҳангоми сохтмони қасри Галкин содир шудаанд, нишон дода, тахриби онро талаб карда буданд.
Жители Украины - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Теъдоди паноҳандагон аз Украинаву Донбасс ба Русия наздик ба 2 млн нафар расидааст
Ташкилот бо дархости дахлдор ба прокуратура муроҷиатнома фиристод.
Максим Галкин ва оилааш се моҳ пеш ба Исроил парвоз карда буданд.
Вай чанде пеш дар бораи сафарҳои ҳунарӣ ба Аврупо, бахусус ба кишварҳои назди Балтика хабар дод.
Вазорати дифоъ нишон дод, ки табибони низомии Русия дар Донбасс чӣ гуна кор мекунанд
Ҳаҷвнигор дар бораи бозгашташ ба Русия чизе нагуфтааст, аммо ҳамсараш Алла Пугачёва дар як суҳбати кӯтоҳ гуфтааст, ки то тирамоҳ ба ватан бармегардад.
Лентаи хабарҳо
0