Зимистон дар тобистон: Бориши барф дар Бадахшон

© Sputnik / Амир ИсаевСкамейки в городе Душанбе
Скамейки в городе Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Обуҳавошиносони тоҷик пешгӯӣ карданд, ки дар бархе аз минотиқи Тоҷикистон барф ва дар баъзе манотиқи дигар борони кӯтоҳмуддат мебораду раъду барқ ба амал меояд
ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Тибқи иттилои ин Агентӣ ҳаво дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар минтақаҳои шарқии вилоят шабона боридани барф пешгӯи мешавад.
Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 13 дараҷа гарм, рӯзона то 27 дараҷа гарм, дар шарқи вилоят шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона то 15 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ боридани борони бошиддат пешгӯӣ мешавад. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур набуда дар ағбаҳо тормеғ мефарояд.
Ҳаво дар водиҳо шабона аз 15 то 20 дараҷа гарм, рӯзона аз 27 то 32 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 9 ва рӯзона то 16 дараҷа гарм мешавад.
Женщина в медицинской маске на Трубной площади в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 01.06.2020
Коронавирус дар Русия ва ҷаҳон: охирин хабару гузоришҳо
Донишманд: гармо метавонад сирояти вируси коронаро коҳиш диҳад
Дар вилояти Хатлон бошад ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат меборад. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 15 то 20 дараҷа ва рӯзона аз 27 то 32 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона то 15 дараҷа ва рӯзона то 23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳӣ борони бошиддат пешгӯӣ мешавад. Раъду барқ ба амал омада, боридани жола аз эҳтимол дур нест. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 13 то 18 дараҷа ва рӯзона аз 23 то 28 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 14 дараҷа ва рӯзона то 23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, боридани борони кӯтоҳмуддат дар назар аст. Раъду барқ ба амал меояд. Ҳаво шабона аз 15 то 17 дараҷа ва рӯзона аз 24 то 26 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0