Баррасии афзоиши бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар Туркия

© МИД РТГенконсул РТ в Стамбуле Мурод Саидзода
Генконсул РТ в Стамбуле Мурод Саидзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар пойтахти Туркия масъалаи зиёд намудани бурсияҳо барои донишҷӯёни тоҷик дар Донишгоҳи тиҷоратии Истанбул баррасӣ шуд
ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Ин масъла зимни дидору мулоқоти Мурод Саидзода, консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул бо профессор, доктор Юҷел Оғурлу, ректори Донишгоҳи тиҷоратии Истанбул матраҳ шуд, иттилоъ дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон
Тибқи иттилои манбаъ, дар суҳбат мавзуъҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи илму маориф, шароитҳои таҳсили донишҷӯёни тоҷикистонӣ, тақвияти равобит байни мактабҳои олии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
“Ҷонибҳо инчунин роҷеъ ба имкони зиёд намудани бурсияҳо дар донишгоҳи мазкур табодули афкор намуданд”, - таъкид кардааст ВУХ Тоҷикистон.
Ёдрас мешавем, ки қаблан консули генералии Тоҷикистон дар шаҳри Истанбул Мурод Саидзода бо Ректори Донишгоҳи Истанбул, профессор, доктор Маҳмут Ак мулоқот карда буд.
Линии электропередачи - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Тамоюли Русия ва Туркия ба сармоягузорӣ дар бахши энержии Афғонистон
Дар вохӯрӣ мавзӯъҳои густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Туркия дар соҳаи илму маориф, масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои илмиву гуманитарӣ миёни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳи мазкур баррасӣ гардиданд.
Аз ҷумла, мубодилаи академикӣ барои омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои мухталиф, имкони зиёд намудани бурсияҳо ва беҳтар намудани шароити таҳсили донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар донишгоҳи мазкур зарур шумурда шуданд.
Лентаи хабарҳо
0