Дипломати Русия вазифаашонро пешгирии даргирии ҳастаӣ гуфт

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксЗаместитель министра иностранных дел России Сергей Рябков, архивное фото
Заместитель министра иностранных дел России Сергей Рябков, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Рисолати дипломатияи Русия дар шароити номуайянии дурнамои муносиботи байналмилалӣ ҷилавгирӣ аз даргирӣ миёни абарқудратҳои ҳастаӣ арзёбӣ шуд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Афзалияти аввалиндараҷаи кори дипломати Русия пешгирии даргирии ҳастаӣ мебошад, изҳор дошт муовини вазири умури хориҷии ФР, Сергей Рябков зимни як ҳамоиш дар Маскав.
Ӯ гуфт, чунин хатар дар пасманзари номуайянии вазъи байналмилалӣ ба далели буҳрони Украина ҷой дорад.
"Бо назардошти шиддати минбаъдаи буҳрони украинӣ ва раванди пешгӯинашавандаи ҳаводиси байналмилалӣ, афзалияти аслии дипломатияи Русия пешгирии даргирии мустақими абарқудратҳои ҳастаист", - изҳор дошт Рябков.
Ҳифзу идомаи муколама ва коҳиши шиддат аз самтҳои дигари фаъолияти дипломатҳои Русия арзёбӣ шуд.
Заявление Джо Байдена по ситуации на Украине - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Байден пандемияи навро эълон кард
"Кор дар самти таъмини эътидоли стратегӣ, ҳифзи низоми паҳншавии силоҳи қатли ом ва беҳбуди назорати аслиҳа хеле муҳим аст", - таъкид намуд дипломати Русия.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Мария Захарова, намояндаи расмии Вазорати умури хориҷии Русия қаблан гуфт, Маскав ҳеч гоҳ бо истифодаи силоҳи ҳастаӣ касеро таҳдид накардааст.
"Русия ҳеҷ гоҳ на танҳо касеро ба истифодаи силоҳи ҳастаӣ таҳдид накардааст, балки баръакс пайваста ба тамоми кишварҳо аз ин бемасъулиятӣ ҳушдор медиҳад", - афзуд ӯ.
Маврид ба зикр аст, ки суҳбатҳо дар мавриди эҳтимоли даргирии ҳастаӣ дар пасманзари амалиёти низомӣ дар Украина, ки аз моҳи феврал ба ин сӯ идома дорад, бештар шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0