Фармони Путин барои пардохти қарзи хориҷӣ бо рубл

© Sputnik / Михаил Метцель / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент РФ В. Путин принял участие в заседании ЕАЭС
Президент РФ В. Путин принял участие в заседании ЕАЭС - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Президенти Русия фармонашро барои ҷорӣ намудани тартиби нави пардохти қарзи давлатӣ, ки бо асъори хориҷӣ гирифта шудаанд, имзо намуд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Қарзи давлатии хориҷии Русия муваққатан метавонад бо истифода аз рубл пардохт карда шавад.
Фармон дар ин бораро Владимир Путин, раисҷмуҳури Русия, имзо карда, тартиби муваққатии пардохти қарзи хориҷии давлатиро муқаррар кард.
"Уҳдадориҳо дар мавриди еврооблигатсияҳо иҷрошуда маҳсуб мешаванд, агар бо истифода аз рубл, тибқи қурби асъори хориҷӣ дар бозори дохилии Русия дар рӯзи пардохт ба қарздиҳанда амалӣ шаванд", - омадааст дар фармон.
Ин дар ҳолест, ки қаблан Вазорати молияи Русия изҳор дошта буд, ки ба далели маҳдудиятҳои дастрасии Бонки марказию ҳукумат ба маблағҳои басташуда дар суратҳисобҳои асъорӣ, қарзҳои хориҷӣ метавонанд, бо рубл пардохт карда шаванд.
Антон Силуанов, вазири молияи Русия, изҳор дошта буд, ки имкони пардохти евробондҳо бо рубл дар аснод аз соли 2018 пешбинӣ шудааст. Ӯ инчунин ин иддаоро, ки Русия уҳдадориҳояшро наметавонад иҷро кунад, бепоя хонда, таъкид намуд, ин кишвар маблағи кофӣ доранд.
Монеты номиналом 1 рубль и 1 евро на фоне банкнот номиналом 1 доллар США и 5 евро. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Нишондоди нави устувории рубл дар Маскав. Коршиносон мегӯянд, ин нуқтаи охир нест
Силуанов бастани суратҳисобҳои Бонки марказии Русия ва ҳукуматро чун талоши кишварҳои хориҷӣ барои ташкили дефолти сунъӣ арзёбӣ кардааст. Ӯ таъкид намуда буд, ки пардохти қарзҳо бо рубл то замоне давом хоҳад кард, ки дороиҳои кишвар дар хориҷ кушода шаванд.
Маврид ба зикр аст, ки баъди оғози амалиёти низомии Русия дар Украина кишварҳои ғарбӣ алайҳи Маскав таҳримоти густурда роҳандозӣ намуданд, ки бахшҳои мухталиф, аз ҷумла молиявию бонкиро шомиланд. Дар пайи таҳримот захоири тилою асъор, аз ҷумла дар Хазинаи рифоҳи миллии Русия баста шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0