Иқтисоди Тоҷикистонро то соли 2024 чӣ интизор аст

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Ҳисобҳои иқтисоддонҳо нишон медиҳанд, ки дар солҳои наздик сатҳи таваррум дар кишвар коҳиш хоҳад ёфт. Пешгӯиҳои коршиносонро аз тасвирбаёни Sputnik Тоҷикистон бинед
Оқибатҳои манфии марбут ба коҳиши интиқоли маблағҳои воридшаванда ба кишвар қисман ҷуброн карда мешаванд.
Дар назар аст, ки то охири сол нархи баланди металлҳо, ки асосан аз Тоҷикистон ба бозорҳои хориҷӣ роҳ меёбанд, боқӣ мемонад.
Таҳлилгарон тахмин мезананд, ки дар солҳои 2023 ва 2024 афзоиши ММД барқарор шуда, 6,8 ва 8,0 фоизро ташкил медиҳад.
Дар мавриди таваррум то охири соли 2022 он 11,5 фоизро ташкил медиҳад. Афзоиши нархҳои истеъмолӣ дар зери таъсири коҳиши қурби сомонӣ, динамикаи нархҳои ҷаҳонӣ ба ашёи хом ва мушкилоти моддию техникӣ суръат хоҳад гирифт.
Ҳисоби сатҳи таваррум дар Тоҷикистон: чӣ гарон шуд?
Дар баробари ин, дар нимсолаи дуюми соли 2023 пас аз 2 сол сатҳи таваррум ба доираи мақсадноки БМТ (6±2%) бармегардад. Ба ин сиёсати маҳдудкунандаи пулию қарзии Бонки миллӣ, инчунин тадриҷан поин рафтани нархи ҷаҳонии ашёи хом мусоидат мекунад.
Лентаи хабарҳо
0