Ҷамъбасти мусобиқаҳои кушод барои Ҷоми раиси Суғд: Киҳо пирӯз шуданд?

© Исполнительный орган государственной власти Согдийской областиВо Дворце спорта г.Худжанда с участием Председателя Согдийской области Раджаббоя Ахмадзода состоялась церемония закрытия областных открытых соревнований на Кубок Председателя Согдийской области
Во Дворце спорта г.Худжанда с участием Председателя Согдийской области Раджаббоя Ахмадзода состоялась церемония закрытия областных открытых соревнований на Кубок Председателя Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Обуна шудан
Дар мусобиқаҳои кушод барои дарёфти Ҷоми раиси вилояти Суғд бештари медалҳоро варзишгарони шаҳри Хуҷанд ва ноҳияҳои Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафуров гирифтанд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Ҳукумати Суғд аз ҷамъбасти мусобиқаҳои кушод барои гирифтани Ҷоми раиси вилоят хабар дода, афзуд, афзуд, ки зӯрозмоиҳо аз рӯи 26 намуди варзиш ҷамъбаст гардиданд.
Ба иттилои ҳукумати Суғд, мусобиқаҳои мазкур, дар се марҳила - якум моҳи апрел байни маҳаллаву деҳа, моҳи май - байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва кумитаҳои маҳаллаҳои шаҳру ноҳияҳо ва марҳилаи сеюм аз 20 май то 22 июн идома ёфт.
Манбаъ афзуд, ки аз рӯи нишондодҳои дастаҳои шаҳру ноҳияҳои вилоят, шаҳри Хуҷанд бо 55 медали тило, 67 медали нуқра, 98 медали биринҷӣ ҷойи якум гирифт.
Бо гирифтани 20 медали тило, 19 медали нуқра, 30 медали биринҷӣ ҷойи дуюм насиби дастаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ва бо 10 медали тило, 14 медали нуқра, 23 медали биринҷӣ ҷойи сеюм насиби дастаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шуд.
Шахматист Фаррух Амонатов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Эҳтимоли ширкати гроссмейстери машҳури тоҷик дар олимпиадаи шоҳмот
Раҷаббой Аҳмадзода, раиси Суғд зимни супоридани ҷомҳо ба ғолибон изҳор дошт, ки ҳукумат барои рушди варзиш чораандешӣ дорад. Аз ҷумла таъсиси стипендияи раиси вилоят барои варзишгарони беҳтарини вилоят, қадршиносии варзишгарон, иштироки дастаҳои футболи вилоят дар лигаи олӣ ва лигаи якуми мамлакатро зикр намудаст.
Вай афзуд, ки барои табодули тарҷиба байни варзишгарон ва бо ин васила дурусту мақсаднок истифода бурдани иншооти варзишӣ соли 3-юм аст, ки дар шаҳри Хуҷанд мусобиқаҳои кушоди вилоятӣ барои дарёфти Ҷоми раиси вилоят баргузор мегарданд.
Соли 2019 мусобиқаи мазкур аз рӯи 15 намуди варзиш, соли 2021 аз рӯи 22 намуди варзиш ва соли 2022 аз рӯи 26 намуди варзиш гузаронида шуда, дар мусобиқаҳои имсола ҳамчунин варзишгарон аз хориҷи кишвар низ иштирок доштанд.
Лентаи хабарҳо
0