Лаҳистон ҳузури ногузири Русия дар бозори энергетикиро эътироф кард

Добыча угля. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Як нашрияи маъруф дар Лаҳистон менависад, ки танҳо лағви эмбаргои ангишти Русия ин кишварро аз гирифторӣ ба норасоии зуғолсанг наҷот хоҳад дод
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Фақат лағви эмбарго аз ангишти Русия метавонад Лаҳистонро аз камбуди ин манобеъ наҷот диҳад, зеро нархи он дар чанд ҳафтаи охир ба сатҳи бесобиқа боло рафтааст, менависад "Myśl Polska".
"Нархҳо 3 маротиба - аз 225 то 680 доллар барои як тонна боло рафтаанд", - менависад нашрия.
Аммо ба гуфтаи муаллиф, мақомоти Лаҳистон намехоҳанд ин мушкилро ба осонӣ ҳал кунанд.
"Охир беҳтар аст, агар миллионҳо шаҳрвандони Лаҳистон ях кунанду ба ҳеҷ ваҷҳ манзилҳои худро бо ангишти Русия гарм накунанд", - навиштааст нашрия.
Тавре хабарнигор Пшемислав Пяста қайд кард, ҳукумат аз шаҳрвандон даъват мекунад, ки ба воҳима наафтанд ва ангиштро барои оянда захира кунанд, аммо коршиносон бар ин боваранд, ки Лаҳистон дар фасли зимистон ба камбуди шадиди сӯзишворӣ рӯ ба рӯ мешавад.
Секретарь Совета безопасности РФ Н. Патрушев - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 31.05.2022
Патрушев: Лаҳистон талош дорад, қаламрави ғарбии Украинаро забт кунад
Ин нашрия ҳамчунин аз суханони муовини вазири дороиҳои давлатӣ Петра Пизик истинод мекунад, ки иқрор шуд, ки барои афзоиши истихроҷи ангишт дар Лаҳистон камаш 2-3 сол лозим аст.
Пештар намояндаи Сарраёсати вилоятии хоҷагии ҷангали Катовитсе Марек Мруз гуфт, ки ба сокинони Лаҳистон ба далели нарасидани ангишт дар кишвар иҷоза дода шудааст, ки дар ҷангалҳо ба таври пулакӣ чӯб ҷамъоварӣ кунанд. Сабаб эмбаргои воридоти ин навъи маводи сӯхт аз Русия будааст.
Ёдовар мешавем, ки Русия рӯзи 24 феврал дар Украина амалиёти вижа шурӯъ кард ва аксар кишварҳои аврупоӣ ба думбол алайҳи ин кишвар таҳримҳо ҷорӣ карданд.
Лентаи хабарҳо
0