Мулоқоти президенти Тоҷикистон бо сармоягузори хориҷӣ: чӣ пешниҳод шуд?

© Дафтари матбуоти раисҷумҳури ТоҷикистонМулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо Ҷеремӣ Вейр, роҳбари ширкати "Трафигура Групп"
Мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, бо Ҷеремӣ Вейр, роҳбари ширкати Трафигура Групп  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Раисҷумҳури Тоҷикистон бо ширкати фаромиллие, ки дороиҳояш даҳҳо миллиард доллари амрикоӣ арзёбӣ мешавад, густариши ҳамкориҳоро баррасӣ кард
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар Қасри миллат Ҷеремӣ Вейр, роҳбари ширкати "Трафигура Групп" ба ҳузур пазируфта, роҳҳои таҳкими ҳамкориро ба миён гузоштаст.
"Трафигура Групп" ширкати байналмилалӣ бо дафтарҳои асосияш дар Швейтсария ва Сингапур муаррифӣ мешавад, дар бахшҳои гуногун аз истихроҷи металҳо то энергетика фаъолият мекунад.
Дафтари матбуоти раисҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо Ҷеремӣ имконоти ҳамкориро дар соҳаҳои мухталифи истеҳсолот, тиҷорати мол ва логистикаи марбут ба он хуб арзёбӣ кард.
Аз ҷумла иштироки ширкати "Трафигура Групп" дар зиёд намудани истеҳсоли алюминий дар ҷамъияти "Ширкати Алюминийи Тоҷик", хариди минбаъдаи алюминийи аввалиндараҷа ва таъмини гилхок ба миён гузошта шудааст.
Золотые слитки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Дар Тоҷикистон гуфтанд, ки пули фурӯши тило куҷо рафт
Инчунин суҳбат аз захоири тило дар ҷумҳурӣ рафта, густариши ҳамкорӣ бо корхонаи муштараки тавлиди тилои "Зарафшон", ҷамъияти "Талко Голд" аз мавзуъҳои дигари мулоқот будаанд.
Дар баробари ҳамкорӣ дар коркарди маъданҳои куҳии Тоҷикистон, таъмини таҳвили навъҳои гуногуни маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ ва иштирок дар рушди манбаъҳои алтернативии энергия дар кишвар баррасӣ гардидаанд.
"Ҷонибҳо оид ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои нерӯи барқ ва манбаҳои таҷдидшавандаи нерӯ, интиқоли бор, хизматрасонии логистикӣ ва бахши коркарди металлҳову маъданҳо, инчунин содироти маҳсулот табодули андеша карданд", - омадааст дар иттилоия.
Ин дар ҳолест, ки ҳукумати Тоҷикистон саноатикунонии кишварро ҳадафи стратегӣ гузошта, барои расидан ба он азми ҷалби сармоягузориҳои дохилию хориҷиро доранд.
Лентаи хабарҳо
0