Роҳбари толибҳо аз ҷомеаи ҷаҳонӣ кумак хост

© AFP 2022 / Karim JaafarАфганские дети и женщины в комплексе вилл в Катаре
Афганские дети и женщины в комплексе вилл в Катаре  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Роҳбари нав дар Афғонистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалии башардӯстона хостааст, ки ба мардуми осебдидаи ин кишвар кумак кунанд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Ҳибатуллоҳ Охунзода, роҳбари толибҳо дар пасманзари заминларзаи пурқурбонӣ дар Афғонистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ муроҷиат кардааст.
Охундзода бо нашри як муроҷиатнома аз ҷумла аз созмонҳои байналмилалии башардӯстона хостааст, дар ин фоҷиа канори мардуми Афғонистон бошанд.
"Дар робита ба ин фоҷиа аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ даъват менамоем, ки тамоми талошашонро барои дастгирии мотамдорон равона созанд", - омадааст дар муроҷиатномаи роҳбари толибҳо.
Мақомоти Афғонистон худашон эълон кардаанд, ки тамоми талошро ба харҷ медиҳанд, то осебдидагонро муолиҷаю ба хонаводаҳои қурбониён кумак кунанд.
Заминларза дар вилоятҳои Пактико ва Хуст дар ҷанубу шарқи Афғонистон шаби 21 ба 22 июн рух дода, иқтидори он ҳудуди 6,1 дараҷа дар марказ арзёбӣ шудаст.
Масъулин мегӯянд, теъдоди қурбониёни заминларзаи мудҳиш марзи ҳазор нафарро убур кард.
"Шумори қурбониёни ин офати табиӣ аз 1000 нафар гузашта, ҳамчунин 1500 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштанд", - овардааст РИА "Новости" аз қавли раиси бахши фарҳанг ва иттилооти вилояти Пактико, Амин Ҳузайфа.
Қаблан расонаҳо аз қавли Шарофиддин Муслим, ноиби вазири мубориза бо ҳолатҳои фавқулодда дар Афғонистон оварда буданд, ки ҳудуди 920 нафар ҳалок ва 610 нафар маҷруҳ шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0