Эҳтимоли ширкати гроссмейстери машҳури тоҷик дар олимпиадаи шоҳмот

© Sputnik / Михаил Фомичев / Гузаштан ба хазинаи аксШахматист Фаррух Амонатов. Архивное фото
Шахматист Фаррух Амонатов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Намояндагони Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон бо Фаррух Амонатов музокира доранд: ширкати ӯ дар олимпиада аз ҳаҷми кори мураббигӣ бастагӣ дорад
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Гроссмейстери байналмилалӣ аз Тоҷикистон Фаррух Амонатов метавонад кишварро дар Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот-2022 намояндагӣ кунад.
Сабқат аз 28 июл то 10 август дар шаҳри Ченнаи Ҳиндустон баргузор мешаванд.
Ҳоло намояндагони Федератсияи шоҳмоти Тоҷикистон бо Амонатов дар бораи ширкати эҳтимолии ӯ дар олимпиада гуфтушунид доранд.
"Дар шароити муайян ӯ метавонад аз номи тими миллии худ баромад кунад. Ин аз он вобаста аст, ки ӯ бо кори мураббиаш то чӣ андоза банд аст", - гуфт Илҳом Юнусов, дабири кулли федератсия дар суҳбат бо Sputnik Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ӯ, ҳоло гроссмейстер "80% мураббӣ ва ҳамагӣ 20% бозигар" аст. Юнусов изҳори умедворӣ кард, ки Амонатов ба тими миллии Тоҷикистон мепайвандад ва дар мусобиқоти бузурги ҷаҳонӣ ба кишвар пирӯзӣ меорад.
Вале дар ҷумҳурӣ шоҳмотбозони боистеъдоди дигар низ ҳастанд, ки дар олимпиада ба ҳайати тими миллӣ дохил мешаванд. Асосан, инҳо ғолибону ҷоизадорони қаҳрамонии дохилии кишвар мебошанд.
Спорт в городе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.05.2022
Аз дави миллӣ то шоҳмот. Оғози мавсими мусобиқаҳо дар Суғд
Ҳоло онҳо ба задухурд бо рақибони пурқуввати ҷаҳонӣ фаъолона омодагӣ мебинанд.
"Мо кӯшиш мекунем, ки дастаро дар ҳайати комил фиристем: 4 бозигари асосӣ, 1 эҳтиётӣ, 1 капитан. Ҳам мардон ва ҳам занон", - гуфт Юнусов.
Вай таъкид кард, ки варзишгарон маҳорати худро такмил дода, ҳадафи пирӯзӣ доранд.
Пештар президенти Федератсияи байналмилалии шоҳмот Аркадий Дворкович ва сарвазири Ҳиндустон Нарендра Модӣ эстафетаи машъалро дар Олимпиадаи 44-уми ҷаҳонии шоҳмот дар Ченнай оғоз карданд. Ҳиндустон бори аввал мизбони Олимпиадаи ҷаҳонии шоҳмот аст.
Оғози сабқатҳо барои дарёфти Ҷоми президенти Тоҷикистон миёни шоҳмоту шашкабозон
Дар ин маросим Дворкович машъалро ба Моди супурд, ки онро сарвазири Ҳиндустон ба 15-умин қаҳрамони ҷаҳон оид ба шоҳмот Вишванатан Ананд супурд.
Эстафетаи машъалгузорӣ дар давоми 40 рӯз аз 75 шаҳр мегузарад. Шумораи шаҳрҳо тасодуфан интихоб нашудааст - имсол Ҳиндустон 75-солагии истиқлолияти худро ҷашн мегирад.
Лентаи хабарҳо
0