Эҳтимоли афзоиши шумораи парвозҳо миёни Тоҷикистон ва Туркия

© Вазорати корҳои хориҷии ҶТМулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл
Мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Масъалаи афзоиши шумораи парвозҳо, зимни мулоқоти муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири Туркия баррасӣ гардидааст
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Дар шаҳри Душанбе вохӯрии муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Шараф Шерализода бо сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зекӣ Карагёл баргузор гардид.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар ин дидор аз ҷумла, афзоиши шумораи парвозҳои миёни ду кишвар баррасӣ шудааст.
"Зимни мулоқот ҷонибҳо доир ба рушду тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва имконияти зиёд намудани шумораи парвозҳо миёни ду кишвар табодули афкор намуданд", - омадааст дар хабарнома.
Ёдовар мешавем, ки шурӯъ аз 5 июн ширкати ҳавопаймоии "Сомон Эйр" аз Душанбе ба Истанбул ҳафтае се маротиба: рӯзҳои сешанбе, ҷумъа ва якшанбе парвоз анҷом медиҳад.
Парвозҳо дар ин масир тавассути ҳавопаймоҳои Boeing 737-800 ва 737-900 амалӣ мешаванд.
Ашрафҷон Гулов, сафири Тоҷикистон дар Туркия - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2022
Тоҷикистону Туркия дар талоши афзоиши шумораи хатти парвозҳо миёни шаҳрҳои ду кишвар
Мутобиқи талаботи мавҷуда, муҳлати амали шиносномаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки вориди Туркия мешаванд, бояд на кам аз 150 рӯз бошад.
Мусофирони аз Душанбе ба Истанбул сафардошта (аз 6-сола боло), аз ҷумла мусофирони транзитӣ тибқи талабот бояд шаҳодатномаи ваксинатсия (ба забони аглисӣ) ва ё маълумотномаи гузаштани ПСР-тести COVID-19-ро бо натиҷаи манфӣ (бо забони англисӣ), ки давоми 72 соати пеш аз вуруд ба Туркия дода шудааст, пешниҳод намоянд.
Мусофирони аз Истанбул ба Душанбе сафаркунанда пеш аз парвоз бояд шаҳодатномаи ПСР-тестро бо натиҷаи манфии санҷиши COVID-19, ки давоми 72 соати пеш аз вуруд ба қаламрави Тоҷикистон дода шудааст, пешниҳод намоянд. Кӯдакони то 3-сола аз пешниҳоди ПСР-тест озод мебошанд.
Ёдрас менамоем, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Тоҷикистон ва Туркия 29 январи 1992 барқарор шуданд.
Байни ду кишвар зиёда аз 65 созишномаю тафоҳумнома ва дигар санадҳои ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Лентаи хабарҳо
0