То 180 сомонӣ: ҷаҳиши қурби рубл дар Тоҷикистон

© Sputnik Таджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Бархе аз бонкҳои тиҷоратии Тоҷикистон қурби ҳазор рубли Русияро зимни харид ҳудуди 177 сомонӣ ва зимни фурӯш ҳудуди 180 сомонӣ муқаррар кардаанд
ДУШАНБЕ, 22 июн – Sputnik. Бонки миллии Тоҷикистон қурби расмии як рублро дар бозори арзи кишвар дар сатҳи 177,2 сомонӣ муқаррар кардааст, ки нисбати нишондоди рӯзи қабл қариб 1 сомонӣ зиёд аст. Рӯзи гузашта арзиши расмии ҳазор рубл ба 176.3 сомонӣ баробар буд.
Ин ниҳод арзиши доллари амрикоиро каме поин бурда, дар сатҳи 10.6 сомонӣ ва евроро 11.18 сомонӣ муқаррар кардаст.
Нишондоди харидуфурӯши рубли Русия дар ташкилоти қарзии Тоҷикистон аз 0.1772 то 0.1785 сомонӣ, доллари ИМА аз 10.6021 то 10.4500 сомонӣ ва евро аз 11.1873 то 11.00 cомонӣ гуфта шудаст. Бонкҳои тиҷории Тоҷикистон қурби фурӯши рубли Русияро ҳудуди 180 сомонӣ муқаррар кардаст.
Денежные купюры и монеты. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.06.2022
Иқтисоддонҳо гуфтанд, қурби доллар дар моҳи июн чӣ гуна хоҳад шуд
Ин дар ҳолест, ки ахиран қурби доллар нисбат ба рубл дар биржаи Маскав барои бори аввал аз соли 2015 ба ин сӯ, аз сатҳи 55 рубл поин шуд.
Болоравии қурби рубл ба нархи баланди манобеи энержӣ ва пардохти андоз дар охири моҳи июн рабт дода мешавад, чун содиркунандагони мол барои пардохти молиёт бояд қисме аз даромадашонро ба рубл гардонанд.
Ин дар ҳолест, ки қурби мусоиди доллар барои иқтисоди Русия дар сатҳи 70-80 рубл арзёбӣ мешавад, гуфт ахиран ноиби аввали сарвазири Русия, Андрей Белоусов. Ӯ изҳор дошт, ки ҳукумати Русия талош дорад, то қурби долларро дар сатҳи мусоид расонад.
Лентаи хабарҳо
0