Раиси Суғд бо кори кишоварзону саноатчиён дар Спитамен шинос шуд

Трактор на посевных работах - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Роҳбари вилояти Суғд зимни боздид аз Спитамен бо фаъолони ноҳия мулоқот намуда, гузориши масъулинро дар бораи вазъи иқтисодию иҷтимоӣ шунид
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Барои татбиқи ҳадафи саноаткунонии Тоҷикистон дар ноҳияи Спитамен тайи 5 моҳи аввали соли равон ба маблағи 220 млн сомонӣ маҳсулоти саноатӣ тавлид шудааст.
Ин нуктаро Темурҷон Нуъмонзода, раиси ноҳияи Спитамен, зимни гузориш ба Раҷаббой Аҳмадзода, раиси вилояти Суғд баён дошт.
Нуъмонзода аз ҳадафи чоруми стратегӣ эълон шудани саноатикунонии мамлакат зикр намуда, афзуд, соли равон корхонаҳои саноатии "Ҳимматшо" ва "Элегант" ба истифода дода шуданд, ки ба истеҳсоли регу шағал машғул мебошанд.
Полив риса в Таджикистане, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.06.2022
Талоши тавлиди бештари биринҷ дар Тоҷикистон: ҳар сокин соле то15 кило мехӯрад
Раиси ноҳия илова намудаст, ки инчунин корхонаи истеҳсоли шифери "Мавҷи Спитамен" бунёд гардид, ки рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад.
Вай дар мавриди фаъолияти деҳқонон изҳор доштаст, ки дар майдони 11,6 ҳазор гектар кишти баҳорӣ гузаронида шуда, аллакай дар сохтори кишоварзӣ ба маблағи қариб 70 млн сомонӣ маҳсулот тавлид шудаст.
"Айни замон дар ноҳия дарави ғалла идома дошта, то ҳол 10 ҳазору 53 тонна ғалла ҷамъоварӣ шуд", - изҳор дошт Нуъмонзода.
Дар пайи шунидани ҳисоботи раиси Спитамен, роҳбари Суғд барои таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти ниёзи аввалия дастур додааст.
Аз ҷумла захираи кофии маҳсулот ва истифодаи самараноки обу замин зикр намуда, изҳор доштаст, ки дар заминҳои обӣ ҳатман кишти такрорӣ ба роҳ монда шавад.
Сари вақт ва беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосили ғалладона, захира намудани маводи зарурии ғизоӣ аз ҷониби аҳолӣ барои ду сол, ба гардиши кишоварзӣ даровардани заминҳои бекорхобида, афзоиши кишти такрорӣ, баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ, гирифтани 3-4 ҳосил аз дастурҳои дигари Аҳмадзода будаанд.
Лентаи хабарҳо
0