Аз нерӯи барқ то сементу маҳсулоти кишоварзӣ: Тоҷикистон ба Афғонистон бештар чӣ медиҳад

© Sputnik / Амир ИсаевГрузовые автомобили в горах Таджикистана, архивное фото
Грузовые автомобили в горах Таджикистана, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Содироти нерӯи барқ, семент, маҳсулоти кишоварзӣ ва дигар колоҳо аз Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Афғонистон тақрибан сеяк фоиз афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Муомилоти мол миёни Тоҷикистон ва Афғонистон аз моҳи январ то майи соли 2022 нисбат ба соли 2021 қариб 30% афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Тибқи маълумоти мавҷуда, соли равон гардиши мол миёни кишварҳо ҳудуди 36,3 миллион долларро ташкил додааст.
Ба ин тартиб Афғонистон дар миёни кишварҳои воридкунандаи маҳсулоти Тоҷикистон дар ҷойи ҳаштум қарор дорад.
Тақрибан 97%-и ҳаҷми умумии гардиши дуҷониба содироти маҳсулоти Тоҷикистон ба кишвари ҳамсояро ташкил дод.
Сухофрукты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2022
Аз гелос то зардолую пиёз: содироти маҳсулоти кишоварзӣ аз Суғд ба Русия 50% афзуд
Маҳсулоти асосӣ фурӯши қувваи барқ ба Афғонистон буда, маблағи он қариб нисфи муомилотро ташкил медиҳад.
Илова бар ин Афғонистон мисли пештара аз Тоҷикистон семент, маҳсулоти ғизоӣ ва кишоварзиро харидорӣ мекунад.
Тоҷикистон аз фурӯши нерӯи барқ ​​миллионҳо даромад мегирад
Қобили зикр аст, ки гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар панҷ моҳи соли 2022 беш аз 2,7 миллиард долларро ташкил дод. Ин назар ба соли гузашта 4,4 фоиз зиёд аст.
Шарики асосии тиҷорӣ Русия буда, гардиши молии дуҷониба беш аз 610 миллион долларро ташкил додааст. Хаҷми муомилоти мол бо чор мамлакати дигар чунин буд:
Қазоқистон – 545 миллион доллар;
Чин – 550 миллион доллар;
Ўзбекистон – 212 миллион доллар;
Туркия - 150 миллион доллар.
Дар маҷмуъ Тоҷикистон бо 99 кишвари ҷаҳон равобити тиҷоратӣ барқарор кардааст.
Лентаи хабарҳо
0