Ӯзбекистон нишасти байналмилалӣ бо мавзуи Афғонистон баргузор мекунад

© Sputnik / Павел ЛисицынГенеральное консульство Республики Узбекистан в Екатеринбурге.
Генеральное консульство Республики Узбекистан в Екатеринбурге. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Обуна шудан
Ӯзбекистон моҳи оянда нишасте бо мавзуи Афғонистон ташкил мекунад, ки ин нишаст бо ҳузури намояндагони муҳими кишварҳои минтақа ва ҷаҳон баргузор мегардад
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Тошканд аз Кобул низ барои ширкат дар ин нишаст даъват кардааст, иттилоъ додааст хабаргузории ИРНА дар истинод ба “TOLONews”.
Тибқи иттилои манбаъ, мушовири амнияти миллии Ӯзбекистон эълом кард, ки Тошканд алоқаманд аст то дар заминаҳои амнияти минтақаӣ, беҳбуди авзои иқтисодӣ ва ҳамкории сиёсӣ бо Кобул музокира кунад.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати умури хориҷаи толибон ахиран эълом кард, ки Амирхон Муттақӣ, сарпарасти вазорати хориҷаи давлати толибон дар раси як ҳайати баландпояи ҳукуматӣ барои ширкат дар ин нишаст ба Ӯзбекистон сафар хоҳад кард.
Тоннель по дороге Душанбе - Худжанд, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 18.06.2022
Хадамоти махсуси Ӯзбекистон нақбҳои қочоқбарӣ ба кишвари ҳамсояро кашф кардааст
Мушовири амнияти миллии Узбекистон дар дидор бо Амирхон Муттақӣ ҷузъиётро дар бораи нишасте, ки қарораст дар Тошканд баргузор шавад, матраҳ кард ва аз вай барои ширкат дар ин нишасти даъват ба амал оварад.
Ҳануз мушаххас нест, ки намояндагони кадоми кишварҳо дар ин нишаст ширкат хоҳанд кард ва ҳамчунин дастури ҷаласаи ин нишаст чист, аммо мушовири амнияти миллии Ӯзбекистон дар дидор бо мақомҳои толибон эълом кард, ки Тошканд моил аст дар мавриди равобити ду ҷониба миёни ду кишвар, амнияти минтақаӣ, тақвияти тронзиту бозаргонӣ ва масоили сиёсии Афғонистон дар ин нишаст гуфтугӯ кунад.
Дар моҳҳои гузашта, бархе аз кишварҳо барои ҳали масоили ҷорӣ дар Афғонистони нишастҳои байналмилалӣ баргузор кардаанд, ки дар бештари онҳо аз мақомҳои Афғонистон низ барои ширкат даъват шудааст.
Национальные флаги Узбекистана и Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.06.2022
Вазорат аз натоиҷи музокироти марзии чандрӯзаи Тоҷикистону Ӯзбекистон хабар дод
Дар даҳ моҳи пасин кишварҳои зиёде ба шумули созмонҳои ҷаҳонӣ ва Созмони Милали Муттаҳид барои ҳали масоили ҷорӣ дар Афғонистон нишастҳои ҷаҳониро баргузор кардаанд, ки дар бештари ин нишастҳо аз мақомҳои ҳукуматӣ сарпараст низ даъват шудааст, аммо ин нишастҳо чиқадр ба суди авзои Афғонистон будаанд?
Дар ҳамин ҳол, Мавлудаи Тавоноӣ, мудофеи ҳуқуқи занони Афғонистон гуфт, ки баргузории ин нишастҳо ҳеҷ суде ба ҳоли занон надорад ва агар мехоҳанд садои занон ва дардашон дар Афғонистон шунида шавад, бояд занон низ ба ин нишастҳо даъват шавад.
Бо гузашт беш аз 10 моҳ пас аз ба сари қудрат расидани толибон дар Афғонистон аксарияти кишварҳо ҳануз ҳукумати ин гуруҳро ба расмият нашинохтаанд.
Лентаи хабарҳо
0