Сабаби ногаҳонӣ пайдо шудани як миллион муҳоҷири ғизорасон дар Русия маълум шуд

© Sputnik / Рамиль Ситдиков / Гузаштан ба хазинаи аксАкция "На работу на велосипеде"
Акция На работу на велосипеде  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар замони пандемияи коронавирус дар Русия майдонҳои сохтмон холӣ буданд, аммо дар баробари ин як миллион колорасон аз Осиёи Марказӣ пайдо шуд
ДУШАНБЕ, 22 июн — Sputnik. Муҳоҷирон дар давраи пандемияи коронавирус ба далели баста шудани марзҳо Русияро ба таври оммавӣ тарк накарданд. Дар ин бора роҳбари портали "Superjob" Алексей Захаров изҳор дошт.
Вай якбора кам шудани коргарони хориҷиро дар сохтмонҳо дар саросари Русия бо рафтани онҳо ба дигар соҳаҳо рабт дод.

"Мардум ба дигар соҳаҳое фирор карданд, ки он ҷо маҳдудиятҳо камтар буд ва бештар пул пардохт мешуд. Дар натиҷа, дар кишвар аз куҷое як миллион хаткашони иловагӣ пайдо шуд", - қайд кард Захаров.

Коршинос дар суҳбат бо "Газета.Ru" шарҳ дод, ки замони маҳдудиятҳо, коҳиши миқёси васеъ ва ихтисороти коргарон воқеан оғоз ёфт. Вале, баъди чанд моҳ вазъият муътадил шуд.
"Бекорӣ, тибқи ҳисобҳои мо, ба 15 миллион нафар расид. Аммо ин тамоюл кутоҳмуддат шуд, ки касе онро интизор набуд", - таъкид кард Захаров.
Мигранты работающие на стройках. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.06.2022
Дар сохтмонҳои Русия дигар камбуди муҳоҷир нест
Вай афзуд, ки то моҳи октябр-ноябри соли 2021 бозори меҳнат тақрибан комилан барқарор шуд, аммо бо сохтори дигар.
Ёдовар мешавем, ки дар соҳаи сохтмони Русия пас аз пандемияи коронавирус муддати тӯлонӣ нарасидани кадрҳо вуҷуд дошт. Он ба сабаби баста шудани марзҳо ва натавонистани ҷалби коргарони хориҷӣ ба вуҷуд омада буд.
Вазорати сохтмони Русия нарасидани коргаронро аз 1,2 то 5 миллион нафар ҳисоб кардааст.
Бархе аз муҳоҷирон бояд фавран Русияро тарк кунанд
Ин дар ҳолест, ки ахиран Ирек Файзуллин, раиси ин ниҳод гуфт, ки ширкатҳои русӣ пахши гузориш дар бораи камбуди муҳоҷирон дар сохтмонҳоро бас кардаанд.
Ба гуфтаи ӯ, дигар ба Вазорати сохтмон муроҷиатҳо дар мавриди нарасидани коргарони хориҷӣ ворид намешаванд.
Лентаи хабарҳо
0