"Силсилаи хотира": ёдбуди қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Маскав - видео

Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар пойтахти Русия шаҳри Маскав иқдоми ватандӯстонаи "Силсилаи хотира" оғоз шуд, ки ба 81-умин солгарди оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ бахшида шудааст
Дар доираи маъракаи солонаи "Силсилаи хотира", ки 22 июн дар Маскав баргузор мешавад, дар соҳили Кримская 1418 шамъ фурӯзон карда шуд.
"Имсол мо чун анъана дар соҳили Қрим аксияи "Силсилаи хотира"-ро баргузор менамоем. Ин аксия ёдбуди онҳое аст, ки дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ қурбон шудаанд", - гуфт Александр Кибовский, сардори шӯъбаи фарҳанги шаҳр
Номбурда қайд кард, ки чорабинии мазкур дар пойтахт бори ҳаштум ташкил карда мешавад. Ин амал ҳатто дар давраи пандемияи коронавирус сурат гирифт.
"Дар ин ҷо 1418 шамъ фурӯзон мешавад, ки ин айнан шумораи рузҳои ҷанг мебошад, — гуфт ӯ.
Аз рӯзҳои аввал дар фронт то пирӯзӣ: аксҳои нодири Ҷанги Бузурги Ватанӣ
Дар рафти ин иқдом ихтиёриён дар тан либоси низомӣ дар соҳили Кримская навбатдорӣ мекунанд.
Шамъи аввалро куҳансарбоҳи ҶБВ, лейтенанти хурди тиббӣ Борис Смирнов даргиронд.
Оташи маросим аз қабри сарбози номаълум оварда шудааст.
Соҳили Кримская барои ин амал тасодуфан интихоб нашудааст. Маҳз дар ин ҷо соли 1941 шабнишинии хатми донишгоҳ баргузор мешуд, аммо соати 4-и субҳ ҳама чиз тағйир ёфт, гуфт Екатерина Драгунова, раиси Кумитаи робита бо ҷомеа ва сиёсати ҷавонони Маскав.
Лентаи хабарҳо
0