Далер Ҷумъа барои ширкат дар ҷаласаи СҲШ ба Тошканд меравад

© Sputnik Министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана Далер Джума,
Министр энергетики и водных ресурсов Таджикистана Далер Джума, - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Обуна шудан
Вазири энержии Тоҷикистон дар нишасти вазирони кишварҳои узви СҲШ дар Ӯзбекистон масоили энержии минтақаро баррасӣ мекунад
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон дар Тошканд бо раҳбарони бахши энержии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой мулоқот мекунад. Дар ин бора намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ӯзбекистон Юсуф Қобилҷонов хабар дод.

"Иҷлоси дуввуми вазирони энержии кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой рӯзи 24 июн дар пойтахти Ӯзбекистон баргузор мешавад", - гуфт манбаъ.

Дар ҳошияи нишасти вазирон раҳбарони вазоратҳои энержӣ вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо дар ин самти аз ҷиҳати стратегӣ барои созмон муҳимро баррасӣ мекунанд.
"Дар пайи натоиҷи нишаст, тасвиби асноди консептуалӣ дар бораи масири энержии СҲШ дар назар аст", - гуфт Қобилҷонов.
Ин нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи амалии Консепсияи ҳамкории кишварҳои узви СҲШ дар соҳаи энергетика ва лоиҳаи истифодаи манобеи барқароршавандаи энергия мебошад.
Флаги стран-участников ШОС. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.06.2022
Коршинос аз нақши Тоҷикистон дар иқтисоди кишварҳои СҲШ гуфт
Қобилҷонов зикр аст, ки ин нишаст дар чаҳорчӯби раёсати Ӯзбекистон дар Созмони ҳамкориҳои Шонгҳой баргузор мешавад.
Гуфта мешавад, дар ин Ҳамоиши энержӣ сарони ҳайатҳои кишварҳои узв низ ширкат хоҳанд кард.
Ёдовар мешавем, ет созмони мазкур шомили 8 давлат - Тоҷикистон, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Чин, Ӯзбекистон, Ҳинд ва Покистон мебошад.
Созмони Ҳамкории Шонгҳой соли 2001-ум дар пайи имзои эъломияи дахлдор аз ҷониби 6 давлат ташкил шуда, соли 2017 Покистон ва Ҳинд вориди он шудаанд. Ҳамкории аъзои созмони мазкур гуногунҷанба буда, аз таъмини суботу сулҳ то табодули донишу таҷриба дар соҳаҳои технология, илм ва фарҳангу маорифро фаро мегирад.
Давлатҳои нозири СҲШ - Афғонистон, Эрон, Муғулистон ва Белорус буда, шарикони он Арманистон, Озарбойҷон, Камбоҷа, Непал, Туркия ва Шри-Ланка дар бар мегирад.
Лентаи хабарҳо
0