Ҳарифони варзишгарони тоҷик дар "Тоскулоҳи бузург" маълум шуданд

Сомон Махмадбеков - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Дар мусобиқаи "Тоскулоҳи бузург" Тоҷикистанро се варзишгар намояндагӣ мекунад. Ҳоло ҳарифони Сомону Беҳрӯз ва Амирҷон маълум шуданд
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Варзишгарони тоҷик дар мусобиқаи "Тоскулоҳи бузург" бо ҳамтоёни худ аз Ӯзбекистон, Маҷористон ва Муғулистон нерӯ месанҷанд, хабар медиҳад Федератсияи ҷудои Тоҷикистон.
Бар хабари манбаъ, мусобиқаи мазкур аз 24 то 26 июн дар шаҳри Улан-Батори Муғулистон сурат мегирад ва Тоҷикистонро Сомон Маҳмадбеков, Беҳрӯз Хоҷазода ва Амирҷони Насимҷон намояндагӣ мекунанд.
Манбаъ меафзояд, Сомон Маҳмадбеков дар вазни то 73 кг дар даври аввал озод буда, дар даври дуюм бо ҷуфти Шаҳром Аҳатов аз Ӯзбекистон ва Бенс Борос аз Маҷористон қувваозмоӣ мекунад.
Ҳамчунин, Беҳрӯз Хоҷазода дар даври аввал дар вазни то 73 кг, бо варзишгари мизбон Уранбайар Одгерел вориди рақобат мешавад. Ин варзишгарро Самон Маҳмадбеков дар мусобиқаи Paris Grand Slam 2021 шикаст дода буд.
 Таджикский атлет Бехруз Ходжазода выиграл серебряную медаль Гран-При Ташкента по дзюдо - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.06.2022
Дар "Ulaanbaatar Grand Slam 2022" Сомону Беҳрӯз ва Амирҷон қувва меозмоянд
Намояндаи саввуми Тоҷикистон, Амирҷон Насимҷон дар вазни то 90 кг дар даври аввал бо варзишгари мизбон Мунхбайар Баттогтох рақобат мекунад.
Ҳамин тариқ, рақобатҳои Сомону Беҳрӯз рӯзи 25 июн сурат гирифта, Амирҷон рӯзи 26 июн вориди майдони рақобат мешавад.
Хотиррасон мешавем, ки дар мусобиқаи "Ulaanbaatar Grand Slam 2022" иштироки 270 варзишгар (161 мард, 109 зан) аз 30 давлат дар назар аст.
Чун анъана қувваозмоиҳо давоми се рӯз доир мегарданд. Ба ғолибон дар баробари медал ҷоизапулӣ дар назар гирифта шудааст. Ғолиби ҳар вазн соҳиби 5000 евро, барандаи медали нуқра соҳиби 3000 евро ва барандаи медали биринҷӣ соҳиби 1500 евро мегардад.
Қобили зикр аст, ки марҳилаҳои боқимондаи мусобиқоти "Grand Slam" дар мавсими имсола дар Будапешт, Загреб, Абу-Даби, Боку ва Токио баргузор мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0