Расонаҳо: Аврупо бо ангишту ҳезум ба зимистони шадид омодагӣ мебинад

Экскаватор на складе угля 
 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.06.2022
Обуна шудан
Yandex newsTelegram
Расонаҳои хориҷӣ менависанд, ки кишварҳои аврупоӣ ба истифодаи ангиштсангу ҳезум мегузаранд ва ба замистони шадид омодагӣ мебинанд
ДУШАНБЕ, 23 июн — Sputnik. Аврупо ба ангишту ҳезум бармегардад ва ба зимистони сахт омода мешавад, мумкин аст, Маскав интиқоли газро ба кишварҳои аврупоиро комилан қатъ кунад, менависад нашрияи юнонии "Прото Тема".
"Дар Аврупо дарк мекунанд, ки пас аз як давраи фишори иқтисодӣ ва таҳримҳо алайҳи Маскав, ки то ҳол таъсири чашмгире надоштааст, Владимир Путин умдатан барои "ҷавоб" аз нерӯ истифода мекунад ва эҳтимол дорад, ки комилан интиқоли газро ба кишварҳои аврупоӣ қатъ кунад", - менависад ин нашрия.
Манбаъ меафзояд, мушкили бузург дар иқтисоди Аврупо таваррум аст, дар ҳоле ки маълум аст, моҳҳои оянда махсусан душвор хоҳад буд, зеро ҷанги иқтисодӣ бо Русия шиддат мегирад ва Маскав метавонад ба таҳримҳои Ғарб муқовимат нишон диҳад.
Рӯзҳои охир Маскав ба "тадбирҳои ҷавобӣ" гузаштааст ва аллакай интиқоли газро ба Аврупо 40 дарсад коҳиш дод, - қайд намудааст "Прото Тема".
Газокомпрессорная станция Gascade в Айслебене - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.06.2022
Песков: Интиқоли газ ба кишварҳое, ки онро бо рубл намехаранд, қатъ шуд
Гузариш ба ангишт муваққатӣ тавсиф мешавад, зеро мақомоти аврупоӣ итминон медиҳанд, ки ҳадафҳои дарозмуддати тағирёбии иқлим бо манбаъҳои тозаи энергия тағйир намеёбанд. Аммо ҳоло касе итминон дошта наметавонад, ки "ҳалли муваққатӣ" то кай давом мекунад, гуфта мешавад дар матлаби нашрия.
Телевизиони давлатии Юнон ERT низ аз тарси қатъи комилан интиқоли гази Русия хабар медиҳад.
"Бо назардошти миқёси бӯҳрони энержӣ, кишварҳои аврупоӣ чораҳои изтирорӣ меандешанд, ки пеш аз ҳама ба коҳиши талабот нигаронида шудаанд. Гузашта аз ин, Оҷонси байналмилалии энержӣ ҳушдор додааст, ки Аврупо бояд фавран ба қатъи пурраи содироти гази Русия дар зимистони имсола омода шавад, дар ҳоле ки худи Маскав то ҳол дар ин бора ягон изҳори назар накардааст", - хабар медиҳад ERT.
Байден иқрор шуд, ки таҳримҳои зидди Русия ба ИМА зарба заданд
Пас аз оғози амалиёти вижаи Русия дар Украина, кишварҳои ғарбӣ алайҳи Федератсияи Русия, бахусус, барои манобеъи энержии Русия таҳримҳо ҷорӣ карданд. Маҷмӯи шашум тадриҷан ҷорӣ кардани эмбарго ба воридоти нафт аз Федератсияи Русияро пешбинӣ мекунад.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин гуфт, ки сиёсати ҷилавгирӣ ва заъиф кардани Русия стратегияи дарозмуддат барои Ғарб аст ва таҳримҳо ба тамоми иқтисоди ҷаҳонӣ зарбаи ҷиддӣ задаанд.
Лентаи хабарҳо
0